Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварони бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ муайян шуданд


Федератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) гурӯҳи доварони бозии интихобии Ҷоми ҷахон-2014-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ таъйин кард.

Муҳаммад Банҷар Ал-Довсарии 30-сола аз кишвари Қатар сардовар таъйин шудааст. Ёварони ӯ Аҳмад Ёсир Мурод ва Фарас Ал-Шамморӣ (ҳарду аз Кувайт), довари эҳтиётӣ Муҳаммад Хамис Ал-Куварӣ (Қатар), нозири доварон Алӣ Аҳмад Ал-Траифӣ (Арабистони Саудӣ) ва комиссари бозӣ Ҷаясуриё Де Силва (Шри-Ланка) мебошанд.

Бозии охирини сабқати гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ 29-уми феврал дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG