Президенти Сурия Башор Асад амр дод, ки рӯзи 26 феврал раъйгирӣ барои қабули сарқонуни нави кишвар баргузор шавад. Дар тарҳи қонуни нав, ки дар телевизиони давлатӣ чун “имкони раҳбарии кишвар аз ҷониби мардуми оддӣ” сифат дода шудааст, эҳтимолан моддае ҳазф шудааст, ки мегӯяд, ҳизби Бааси ҳоким “раҳбар ва пешвои ҷомеа” мебошад. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров таҳаввулоти мазкурро истиқбол кард ва изҳори боварӣ кард, ки хатми ҳукумати яккаҳизбӣ барои пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.