Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои мустақил, аммо пойбанди Русия


Дар гузориши Бунгоҳи "Стратфор"-и Амрико муносибатҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки зербинои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз аз ҷумла роҳҳои мошингарду оҳан, корхонаҳои саноатӣ ва шабакаҳои обрасониву мухобирот дар Шӯравӣ сохта шуда, артиши ин кишварҳо ҳанӯз бо техникаи низомии Русия муҷаҳҳаз мебошанд. Гузашта аз ин, шумораи зиёди шаҳрвандони ин кишварҳо дар Русия муҳоҷиранд.

Бо назардошти ин омилҳо, муаллифон кишварҳои Осиёи Марказиро то андозае пойбанди Русия дониста ва бозгашти Русия ба минтақаро аз имкон дур нашумурдаанд. Аммо Владимир Жарихин, муовини раиси пажӯҳишгоҳи Русия дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, "дар давоми 20 сол кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз самараи истиқлол муносибати худро бо кишварҳои дигар имтиҳон карданд ва ҳоло бо назардошти манфиатҳои иқтисодиву стратегӣ худашон ба Русия бармегарданд, на Русия ба Осиёи Марказӣ."

Русия содироти захоири энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа лӯлаҳои нафту газро, ки аз қаламраваш мегузарад, таҳти назорати худ дорад. Ҳатто солҳои ахир Русия талош дорад, ки сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистонро низ аз контроли ин кишвар хориҷ карда, дар сурати интиқоли нерӯи барқ ба хориҷ даромади онро ба худ ихтисос диҳад.

Досим Сатпаев
Досим Сатпаев
Досим Саптаев, сиёсатшиноси қазоқ дар Алматӣ мегӯяд, "агар масъалаи бозгашти сиёсӣ ё низомии Русия ба Осиёи Марказӣ матраҳ бошад, бояд эътироф кард, ки ҳузури сиёсиву низомии Русия дар минтақа ҳамеша вуҷуд доштааст." Вай илова кард, ки "Русия дар ин роҳ, албатта, рақиб ҳам дорад. Зеро Чин мехоҳад ба унвони узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар ин гурӯҳ дар Осиёи Марказӣ мавқеи аввалро дошта бошад."

Ҷаноби Саптаев бо нуқтаи назари Бунгоҳи "Стратфор" дар мавриди нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ чун сипар бар зидди тундгароии исломӣ барои Русия розӣ аст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, Русия ин кишварҳоро бар зидди тундгароӣ сипаре медонад ва мехоҳад ба ин васила амнияти худро дар баробари ин хатар таъмин кунад.

Қадами баъдии Русия дар Осиёи Марказӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Бунгоҳи "Стратфор" менависад, раҳбарони Узбакистон ва Тоҷикистон саъй мекунанд равобити худро бо ҷаҳони Ғарб низ таҳким бахшанд ва бад-ин тариқ нишон диҳанд, ки дар интихоби сиёсати хориҷии худ то ҷое мустақилият доранд. Вале бо доштани шумораи зиёди муҳоҷирони корӣ дар Русия мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ин ду кишвар аз сӯе пойбанди Русия боқӣ мемонанд. Саптаев мегӯяд, боздошти халабонони ширкати Русия дар Тоҷикистон собит сохт, ки дар мавриди зарурӣ Русия ба кадом нуқтаҳои заъфу дардовари Тоҷикистон метавонад сӯзан занад. Ба ин далел, Тоҷикистону Узбакистон дар баробари Русия нуқтаҳои осебпазир доранд ва Маскав онҳоро ҳеҷ гоҳ аз даст намегузорад.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Бунгоҳи "Стратфор" менависад, Узбакистон ва вақтҳои ахир Тоҷикистон имкони дастрасии комили Русия ба кишварҳои худро маҳдудтар кардаанд. Досим Саптаев ин нуктаро таъйид мекунад ва мегӯяд, ин ду кишвар воқеан ҳам вақтҳои ахир мисли чормағзи сахт зери дандони Русия рафтаанд ва ба осонӣ “шикаста намешаванд”.

Бо назардошти чунин вазъ таҳлилгари тоҷик Сӯҳроб Шарифов дурнамои сиёсати Русия дар Осиёи Марказиро торику номуайян медонад: “Агар мо ба сиёсати берунаи Русия дар Осиёи Марказӣ назар афканем, мебинем, ки Русия дар ин замина доктринаи муфассал надорад. То ҳол Русия танҳо қадамҳое мегузошт, ки барои сиёсати прагматикиаш наздик буд, яъне дирӯз бо Тоҷикистон наздик буд, ба Тоҷикистон назар мекард, наздикаш Узбакистон буд ба Узбакистон ё Қазоқистон наздик буд ба Қазоқистон назар мекард.”

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша ба Русия таваҷҷӯҳи махсус доштанд ва мунтазир буданд, ки Русия нисбат ба онҳо сиёсати одилонаро пеш мегирад. Вале ҷаноби Шарифов мегӯяд, Русия ҳоло ба Тоҷикистон фишорҳои ғайриодилона ворид мекунад. Бунгоҳи иттилоотии "Стратфор" дар гузориши худ навиштааст, бо вуҷуди чунин мушкилӣ нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар дар ҳоли афзоиш аст ва Русия тавассути узвият дар ҳар гуна созмон ин кишварҳоро аз худ дур намекунад.
XS
SM
MD
LG