Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти артиши Сурия дар Ҳумсу Ҳамо


Нирӯҳои Сурия, бино ба хабарҳо, амалиёт болои шаҳри Ҳумс ва манотиқи дигари ошӯбзадаро идома медиҳанд. Нирӯҳои Башор Асад 12 рӯз боз талош доранд, манотиқи таҳти назорати чирикиҳоро дар Ҳумс баргардонанд. Имрӯз аз Ҳамо низ дар бораи тӯпборон гузориш шуда, нирӯҳои заминӣ болои манотиқи ҳаммарз бо Лубнон ҳамла бурдаанд. Дирӯз раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай гуфт, нокомии Шӯрои Амният барои иқдом дар қиболи Сурия режими Асадро барои саркӯбии мухолифонаш далертар кардааст.
XS
SM
MD
LG