Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Юнон тарҳи қонуни сарфаи буҷаро пазируфт


Бенизомиҳо дар Афина
Бенизомиҳо дар Афина
Парлумони Юнон тарҳи қонун дар бораи чораҳои шадиди сарфаи буҷаро пазируфт. Ин тарҳ коҳиши моҳонаву нафақа ва ихтисори 15 ҳазор кормандони муассисаҳои давлатиро дар назар дорад. Қабули ин тарҳ роҳи Юнонро барои дарёфти бастаи нави кӯмакҳои байнулмилалӣ ба маблағи 130 миллиард евро ҳамвор мекунад.

Дар Афина бар асари бархӯрди дирӯзаи эътирозгарон бо полис даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Мухолифини ҳукумат сӯи кормандони полис санг ва шишаҳо бо маводи сӯзандаро андохта, чандин биноро ба оташ кашиданд. Полис барои парокандасозии эътирозгарон аз гази ашковар истифода бурд.

Бар пояи хабарҳо, дар намоишҳои эътирозӣ дар Афина дасти кам 80 ҳазор нафар ва дар шаҳри Салоники беш аз 20 ҳазор нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG