Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи аз пеш маълуми интихоботи Туркманистон


Имрӯз якшанбеи 12-ум феврал дар Туркманистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад.

Дар ин интихобот раисҷумҳури феълии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ҳафт номзади мутаносибан ношинос мубориза мебарад, ки ҳамагӣ мисли худи ӯ узви ягона ҳизбии сиёсии ин кишвар – Ҳизби демократи Туркманистон мебошанд. Аз ин рӯ, бисёриҳо интихоботи Туркманистонро вонамудсозии рамзии демократия меноманд.

То кунун дар Туркманистони саршор аз захираҳои маводи сӯхт, ки 5 миллион аҳолӣ дорад, интихоботи озоду одилонаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ доир нашудааст.

Соли 2007-ум вақте Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори аввал президент интихоб шуд, баъзе иқдомҳо барои раҳоии ин кишвар аз инзивоъро пиёда намуда як идда фармонҳои шубҳабарангези раҳбари собиқи Туркманистон Сапармурод Ниёзовро бекор кард. Дар деҳот шифохонаҳо барқарор шуданду, кишвар соҳиби интернет гашт, вале бо мурури замон Бермуҳаммадов низ низ сиёсати худкома ва худпарастиро оғоз намуд. Дар як маросими низомии соли 2010-ум, ба Бердимуҳаммадов унвони “Аркадаг”, яъне “Муҳофиз” тақдим шуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
Линки мустақим


Ду нафар аз довталабони курсии президентии Туркманистон-Ёрмуҳаммад Оразгулиев ва Аннагелдӣ Ёзмуродов вазири ҳукумат ҳастанд. Раҷаб Бозоров муовини волии вилояти Дашовуз мебошад. Чаҳор довталаби дигари раёсатҷумҳурӣ: Қақагелдӣ Абдуллоев, Қурбонмамад Муллониёзов, Сапармурод Ботиров ва Есендурдӣ Ғоибов раҳбарии ширкатҳои давлатиро бар ӯҳда доранд.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки интихоботи рӯзи якшанберо 60 нозири дохиливу хориҷӣ муроқибат хоҳанд кард. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, ки интихоботи Туркманистонро назорат нахоҳад кард, зеро аз мақомоти туркман чунин дархост нагирифтааст. Бо дархости намояндагии САҲА дар Ашқобод, як гурӯҳи коршиносони ин созмон ба Туркманистон сафар кардаанд. Дар ҳамин ҳол гурӯҳи нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мегӯяд, ҳамаи номзадҳои президентӣ имкони баробари пешбурди маъракаи интихоботӣ доштанд.

Дар ҳақиқат телевизиони давлатии Туркманистон ба ҳафт номзад вақти баробари тарғибу ташвиқ тақдим кард. Ҳамчунон дар вилоятҳо мақомот барои онҳо мулоқот бо гурӯҳҳои интихобшудаи раъйдиҳандагонро ташкил намуданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, аз замони оғози раёсатҷумҳурӣ, ҳар қадами президент Бердимуҳаммадов дар сархатти ахбори радиову телевизион ва расонаҳои Туркманистон ҷой дода мешавад ва дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ин қабил гузоришу мақолаҳо ба маротиб бештар шудаанд.
XS
SM
MD
LG