Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума паймони марзӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард


Думаи давлатӣ- маҷлиси поёнии парлумони Русия созишномаи ҳамкории марзӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард. Ин санад 2 сентябр зимни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе имзо шуда буд. Паймони нав шароити ҳамкории ду кишвар дар масоили марзӣ барои 5 соли ояндаро муқаррар мекунад. Тибқи он, беш аз 200 мушовири рус дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо марзбонони тоҷик ҳамкорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG