Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне азиз, ҳоло бекасу дастнигар


Тамара Николаева ва Зинаида Демирчан
Тамара Николаева ва Зинаида Демирчан

Ҳукумати Чкалов ҳудуди даҳ пири бесаробони ин шаҳрро дар меҳмонхона ҷой дод, то сармо нахӯранд.

Ин афроди кӯҳансолро, ки сарнавишти гуногун доранд, бекасӣ ва тангдастиву рӯзгори нохуш зери як бом овардааст.

Яке аз онҳо, Васима Маҳмудоваи 74-сола аст, ки аз тифлӣ дар Тоҷикистон зиста, бо марди тоҷик - Эшон Маҳкамов оиладор мешавад. Аммо дар чанд соли пеш шавҳару танҳо духтарашро аз даст дода, бекас мондааст.

Холаи Васима мегӯяд, "ин ҷо, яъне меҳмонхона, тозаву бароҳат, аз ҳама муҳимаш - гарм аст. Аз вазъи мо мепурсанд. Се бор ғизои гарм медиҳанд. Агар дар сардии зимистони имсола дар хона мемондем, мумкин, ҷисми беҷонамонро берун меоварданд."

Қурбон Ҳодибоев
Қурбон Ҳодибоев
Қурбон Ҳодибоеви 78-сола кӯҳансолтарин сокини меҳмонхонаи "Хуҷанд" аст. Вай 50 сол дар корхонаи маъдани Чкалов кор карда, ба ин шаҳру мардумаш дил бастааст. Ӯ гуфт, "қисмат чунин будааст, ки дар зиндагӣ се бор издивоҷ кардам ва соҳиби се фарзанд шудам. Аммо танҳоям. Писарам дар маҳаллаи Ёваи Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Вай ҳар бор маро назди худаш мехонад. Аммо ман ба ин ҷо одат кардам ва мехоҳам то дами охир ҳамин ҷо монам."

Шокарим Шораҳматов, сардори бахши Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Чкалов мегӯяд, "60 нафар чунин афроди пиру бекас дар идораи мо сабти ном шудаанд. Аксари онҳоро афроди сарватманду саховатпеша таҳти сарпарастӣ гирифта, аз ҳолашон хабар мегиранд. Бархе нахостанд, ки ба меҳмонхона биёянд."

Замони Шӯравӣ дар шаҳри саноатии Чкалов умдатан мардуми рустабор зиндагиву кор мекарданд. Давлати Русия онҳоро ба ҳайси мутахассису коргар ба корхонаҳои саноатӣ фиристода буд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ва мушкилтар шудани вазъи зиндагӣ дар Тоҷикистон аксарияти онҳо ба хотири доштани зиндагии беҳтар дубора ба Русия кӯч бастанд.

Суннатулло Ашӯров, раҳбари меҳмонхонаи "Хуҷанд" дар Чкалов
Суннатулло Ашӯров, раҳбари меҳмонхонаи "Хуҷанд" дар Чкалов
Аммо як гурӯҳ аз пирону дилбастагони онҳо дар шаҳри Чкалов боқӣ монданд. Онҳо мегӯянд, ки одамони нек, дӯстону ҳамсоягонашон аз ҳоли онҳо мепурсанд ва кӯмак мекунанд. Нафақае, ки давлат ба онҳо пардохт мекунад, ҳудуди 150-200 сомонӣ будааст, ки барои пешбурди зиндагӣ кофӣ нест.

Аммо мусоҳиби дигари мо Зинаида Демирчан ба хотири пеш бурадни рӯзгораш ҳанӯз кор мекунад. "Ман 69 сол дорам. Вале то ҳол кӯча ба кӯча мегардам ва рӯзнома мефурӯшам. Моҳе 100-150 сомонӣ ба даст меорам."

Суннатулло Ашӯров, раҳбари меҳмонхонаи Хуҷанд дар Чкалов мегӯяд, сарпаноҳ додан ба чанд пири бекас дар меҳмонхона як кори хайр, аммо кӯчак аст. "Агар ҳама одамон дар ҳар ҷо,- афзуд вай,- чунин ғамхориро нисбат ба афроди солхӯрдаву барҷомонда пеша кунанд, он гоҳ ин як кори бузурге мешавад."

Васима Маҳмудова, яке аз кӯҳансолони шаҳри Чкалов
Васима Маҳмудова, яке аз кӯҳансолони шаҳри Чкалов
XS
SM
MD
LG