Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиб, тоҷир, прокурор... Кадоме касби сердаромад?


Ҷавонони тоҷик пеш аз он ки дар донишгоҳе таҳсил кунанд, аввал маоши соҳибони касбҳои мухталифро мепурсанд.

Ҳоло дарёфти ҷойи кори муносиб, ки маоши "баланд" дошта бошад, дар Тоҷикистон ба як мушкили аслӣ табдил шудааст.

Ҳама мехоҳанд, шоиста ва орому осуда зиндагӣ кунанд. Аммо ба иллати он ки мувофиқи табъу хостаҳои худ ҷойи кор намеёбанд, ё аз баҳри касби худ мегузаранду ба муҳоҷират мераванд, ё тиҷоратро пеша мекунанд.

Ин аст, ки ҳамасола бештар аз 1 миллион сокини Тоҷикистон борхалтаҳои худро ба китф гирифта, ба Русия мераванд ва дар он ҷо ба хариду фурӯши мева ё корҳои сохтмонӣ ва ё боғдориву боғбонӣ машғул мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст, аз ҷумла барои барчиҳо, муаллимон, ҳамшираҳои шафқат ва дигарон. Вале ҷойҳои корие, ки маоши пасттаринро дорост. Масалан, барои як моҳ аз 200 то 500 сомонӣ. Ин маош барои зиндагии як нафар дар пойтахти Тоҷикистон ва он ҳам агар соҳиби манзил бошад, базӯр кифоят мекунад.

Ҳар сол ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳазорон довталаб ҳуҷҷатҳои худро месупоранд. Аксари онҳо ба бахшҳое чунин ҳуқуқшиносӣ, иқтисоду молия, забонҳои хориҷӣ ва энержӣ бартарӣ медиҳанд.

Агар дар гузашта касбро аз рӯи хоҳишу ифтихор ва дониш интихоб мекарданд, ҳоло бештар касбҳои "равғанӣ"-ро мақбул медонанд. Яъне, ин касбҳо агарчӣ маоши баланд ҳам надошта бошад, аммо даромади иловагии он афзун аст.

Ба ин суол, ки "касби сердаромад дар Тоҷикистон аст?" бисёре аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки кормандони ширкатҳои сохтмонӣ, табибон, прокурорҳо, тоҷирон ва корманди додгоҳҳо. Вале ба назари Шумо, кадом касб дар Тоҷикистон сердаромад аст ва соҳибони он касб дар муқоиса ба дигар қишрҳои ҷомеа зиндагии хубу шоиста доранд?

Аввал ин наворро бубинед ва сипас назари худро ҳам бинависед.

Касбҳои сердаромад кадоманд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG