Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тендерҳо. Нигаронӣ ва пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров


Барои шаффоф сурат гирифтани тендерҳо, ба қонун дар бораи "хариди давлатии мол" ислоҳ ворид шуд.

Вакилон ё депутатҳои Маҷлиси Намояндагон ҳангоми ислоҳи қонуни "хариди давлатии мол ва хидматрасонӣ" бештар дар бораи набуди шаффофият дар баргузории музоядаҳо баҳс карданд.

Ин баҳсҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки ба гуфтаи Бурҳон, як нафар аз соҳибони ширкати сохтмонӣ, музояда ё тендерҳо барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон на ҳамеша шаффоф ва аз рӯи адолат баргузор мешаванд.

Вай мегӯяд, гоҳо чунин ҳолатҳое низ пеш омаданд, ки бар ивази инъому ҳадя ширкате, ки пешниҳоди онро комиссияи тендерӣ рад карда буд, баъдан баранда эълон шуд.

Дилмурод Давлатов, раиси Оҷонсии хариди давлатии мол ва хидматрасонӣ дар назди ваиклон гуфт, ислоҳи ин қонун фасодкорӣ дар баргузории музоядаҳоро ғайримумкин сохтааст. Ӯ илова кард, ба фарқ аз қонуни қаблӣ, ки барои молрасонҳо имтиёз медод, ҳоло ба ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ бештар имтиёз дода мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим


Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, баргузории тендерҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатиро комилан ғайриқаноатбахш хонда гуфт, фақат ба хотири он ки маблағи ҷудошударо соҳибони ширкатҳо бигиранд, ҳатто ба нархи поинтар аз арзиши аслии иншоот ва ё амволи харидорӣ мешуда розӣ мешаванд.

Вай гуфт, мавридҳое низ ошкор шудааст, ки барои вазоратҳои қудратии кишвар маводи ғизоиро аз хориҷи кишвар харидорӣ кардаанд, дар ҳоле ки ин мавод дар дохили худи кишвар тавлид мешавад.

Раиси порлумон изҳор дошт, ин ҳама корҳо бо мақсади аз худ кардани маблағи давлат анҷом дода мешаванд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, барои таъмини шаффофият дар кори баргузории музоядаҳо бояд дар ҳайати комиссияи тендерӣ намояндагони ҷомеаи мадании кишвар, аз ҷумла расонаҳо ва низ вакилони Маҷлис низ шомил шаванд.

Дар ҷавоб ба ин пешниҳоди раиси Маҷлиси Намояндагон, Дилмурод Давлатов -- раиси Оҷонсии хариди давлати амвол ва хидматрасонӣ гуфт, шомил кардани афроди дигар ба ҳайати комисссияи тендерӣ натиҷаи матлуб дар пай нахоҳад дошт. Зеро ҳоло узви ин кумиссиюн масъулиятҳоеро қонунан бар ӯҳда хоҳад дошт ва дар сурати ошкор шудани камбудӣ ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ба ин тартиб, қарор аст, дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон музоядаҳо ҷиҳати харид ва захираи мол ва татбиқи фармоишоти давлатӣ ба маблағи як миллиарду 280 милюн сомонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG