Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рӯз бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст.

Дар Душанбе рӯзона ҳаво 2-5 дараҷа гарм, вале шабона то 3 дараҷа хунук хоҳад шуд. Баъд аз нисфирӯзӣ борон меборад ва тадриҷан ба барф мубаддал мешавад.

Дар Хуҷанд рӯзона 5-7 дараҷа, шабона 1-4 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуввуми рӯз борон меборад ва тамоми шаб давом мекунад.

Ҳарорати ҳаво дар Қурғонтеппа тақрибан мисли Хуҷанд аст. Дар нимаи дуввум борон меборад, вале шабона қатъ хоҳад шуд.

Дар Кӯлоб рӯзона 7 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорат ба сифр мерасад. Наздикиҳои шом борон меборад ва шабона давом мекунад.

Дар Хоруғ рӯзона 2 дараҷа гарм, вале шабона 7 дараҷа хунук хоҳад шуд. Рӯзона борон ва шабона барф меборад.
XS
SM
MD
LG