Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 тифли афғон ба иллати сардӣ


Дар як моҳи охир ба иллати сардӣ дар 3 урдугоҳи паноҳандагон дар канори Кобул – пойтахти Афғонистон – дастикам 16 кӯдак ҳалок шудаанд. Ғуломсахӣ Коргар, сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, 9 кӯдак дар Чорроҳаи Қамбар, 5 тан дар Багром ва якеи дигар дар Милибас ҷон бохтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози зимистон дар Афғонистон беш аз 30 нафар ба иллати сардӣ даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG