Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байни Қазоқистону Олмон 50 қарордод имзо шуд


Тайи сафари дурӯзаи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Олмон байни Берлину Остона ҳудуди 50 қарордод ба маблағи 3 миллиард евро имзо шуд. Аммо вазорати иқтисоди Олмон аз шарҳи ҷузъиёти ин созишномаҳо худдорӣ кардааст. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, Олмон ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Қазоқистон манфиатдор аст. Қазоқистон алакай як манбаъи умдаи воридоти нафт барои Олмон маҳсуб мешавад. Ин нахустин сафари Назарбоев ба Ғарб дар пайи ошӯби рӯзи 16 декабри коргарони нафткаш дар шаҳри Жанаозен буд, ки дастикам 16 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG