Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Горбочёв истеъфои Путинро тақозо кард


Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв
Михаил Горбочёв-раиси ҷумҳури Шӯравии пешин бар ин ақида аст, ки Владимир Путин-нахуствазири Русия бояд ба истеъфо равад. Вай ин суханонро шоми рӯзи сешанбе аз тариқи шабакаи телевизионии «Дождь» изҳор дошт. Вай гуфт, низоми давлатдориеро, ки Путин сари кор овардааст, бояд тағир дод. Ширкаткунандагони тазоҳуроти ахири эътирозӣ ҳамин нуктаро аз Путин тақозо карданд. Ин тазоҳуроти пурҷамъият зери шиори “Барои интихоботи одилона” баргузор шуд. Ба гуфтаи Горбочёв, баъид ба назар мерасад, ки мақомот ба тазоҳуркунандагон фишорро бештар кунанд, балки мехоҳанд онҳоро ором созанд.
XS
SM
MD
LG