Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ба суолҳои вакилони Маҷлис посух мегӯяд


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҷлиси Эрон раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро муваззаф кард, ки то рӯзи 8 март дар яке аз нишастҳои парлумон ҳозир шавад ва ба суолҳои вакилон посух бигӯяд. Бори аввал баъд аз инқилоби исломии соли 1979 Маҷлиси Эрон бо раисиҷумҳур ин гуна бархӯрд мекунад.

Вакилони муҳофизакор, ки дар Маҷлис аксариятро ташкил мекунанд, Маҳмуди Аҳмадинажодро дар талоши коҳиш додани нуфузи рӯҳониён, исрофи буҷа ва истифодаи маблағҳои давлатӣ барои пуштибонӣ аз ҳизбҳои ҷудогона дар интихоботи парлумонии рӯзи 2 март айбдор мекунанд.

Маҷлиси Эрон ҳанӯз соли гузашта мехост раисиҷумҳурро барои посух ба суолҳои вакилон даъват намояд ва аммо тасмим гирифта шуд, ки Аҳмадинажод ба суолҳо хаттӣ ҷавоб гардонад. Вакилон аз ҷавобҳои раисиҷумҳур қонеъ нашуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG