Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хостори ташреҳи боздошти арабҳои Хузистон шуд


Бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои эронӣ дар вилояти Хузистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, дасти кам 65 араб боздошт шудааст. Дар ин бора созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch хабар дод. Дар гузориши ахири ин созмон, ҳамчунин аз Теҳрон даъват шудаст, ки ҳалокати ду маҳбуси зиндони вазорати амнияти Эронро тафтиш кунад.

Ҷо Сторк, намояндаи Human Rights Watch дар умури Ховари миёна аз мақомоти Эрон хост, ки сабаби боздошти арабҳоро ташреҳ кунад ва ба боздоштшудагон имкон диҳад то ки бо пайвандон ва вакилони мудофеъашон мулоқот кунанд.

Human Rights Watch навиштааст, арабҳои Хузистон борҳо аз рушд накардани ин минтақаи аз захоири табиӣ боӣ, шароити бади зист ва поймолшавии ҳуқуқҳояшон аз сӯи мақомоти Эрон шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG