Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни таркиш дар як корхонаи Лоҳур


Теъдоди қурбониёни таркиш дар корхонаи дорусозии шаҳри Лоҳури Покистон то 17 нафар афзоиш ёфт. Миёни онҳо шаш навраси то 16-сола ҳам ҳастанд. 14 нафар наҷот дода шуданд.

Мақомот мегӯянд, ки шумораи қурбониён шояд афзоиш ёбад, зеро даҳҳо нафар зери харобаҳои бино боқӣ мондаанд. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ дар ҷойи ҳодиса идома доранд.

Таркиш дар бинои сеқабатаи корхонаи дорусозӣ шоми дирӯз ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилои полис, корхона ғайриқонунӣ фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG