Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабрҳои сафед чун гургҳо дар деҳоти Бадахшон


Дар баъзе деҳоти вилояти Бадахшон бабрҳои сафед ба мушоҳида расидаанд.

Гурӯҳи мутахассисони Раёсати ҳифзи табиати вилоят, шӯъбаи корҳои дохила ва шикорчиёни маҳаллӣ, изҳор доштанд, ки дар пайи таъқиби гургҳои ҳамлагар ба одамон, дар пуштаҳои назди деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон, ногаҳон ба бабрҳои сафед рӯбарӯ шуданд.

Муовини сардори Раёсати ҳифзи табиати вилоят Фарҳод Мамадназарбеков баён дошт, ки онҳо аз наздик ин ҷонварони аҷибро назора карданд, аммо азбаски шикори бабри сафеди муштамили китоби сурх мамнӯъ аст ва сокинон то ба ҳол аз ҳамлаи бабр шикоят накардаанд, ба сӯяшон тир накушоданд: «Аз 200 метр онҳоро тамошо кардем, се то бабр буданд, як нафар сокини маҳал, ки бо мо буд, онҳоро бо телефон акс ҳам гирифт.»

Олимони пажӯҳишгоҳи биологии Помир афзоиши ҳодисаҳои ҳамлаи гургҳо ба сокинон ва пайдо шудани бабрҳои сафед дар назди маҳалҳои аҳолинишинро нишонаи афзоиши саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла бабри сафед дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Ба бовари доктори улуми биологӣ Мамадшо Қадамшоев, бабрҳоеро, ки гурӯҳи мутахассисон дучор омаданд, бабри сафеди мода бо бачаааш ва бабри нар буданд: «Ҳозир мавсими ҷуфтшавии бабр аст, бабр дар ду сол як бор бача мезояд. Бо таваллуди бачаи дигар, тирамоҳ як бабрбачаро, ки ба зиндагии мустақилона омода кардааст, тарк мекунад.»

Мутахассисон мегӯянд, ки теъдоди ин ҷонвари нодир дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон ба 320 сар мерасад ва аз ин шумор 220 сари он дар қаторкӯҳои Помир маскан гирифтаанд. Аммо солҳои ноамнӣ ба коҳиши саршумори ин ҷонвари нодир ҳам сабаб шуданд.

Мамадшо Қадамшоев мегӯяд: “Бабри сафедро шикор намудан кори осон нест, вале бо камшавии саршумори ҳайвоноти ваҳшии чаранда, ба мисли барраи Марко Поло ва бузи кӯҳӣ, маҷбур шуд, ки ба ҳайвоноти хонагӣ ҳуҷум кунад ва ба маҳалҳои аҳолинишин наздик шавад. Ҳодисаҳое буданд, ки одамон бачаи бабри сафедро пайдо карда, ба мақсади фурӯхтан гирифтанд.”

Масъулони Раёсати ҳифзи табиати Бадахшон афзоиши саршумори тамоми намудҳои саршумори ҷонварони ваҳширо дар минтақа ба пурзӯр шудани назорат дар минтақаҳои ҳифзшаванда, эълони мораторияи қаблии ду сола ба шикори Марко Поло ва ҳавасманд гардидани ширкатҳои шикорӣ ба ҳифозати ҳудудҳои ба онҳо вобасташуда алоқаманд медонанд.

Аммо айни ҳол аз ҷонварони ваҳшӣ танҳо афзоиши саршумори гург ва ҳодисаҳои ҳамлаи онҳо ба одамон мояи нигаронӣ гардида, зарурати танзими саршумори ин намуди ҷонвари ваҳширо ба миён овардааст. Вале тибқи хабарҳо, ба дунболи таъқибкуниҳои бешумор ва шикори бебарори галаи гургҳои зиёнкор, ки чанд тан аз сокинонро захмӣ карданд, ахиран як сар гург аз тири шикорчиёни маҳаллӣ кушта шудааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки бо нигаронӣ аз афзоиши ходисаҳои ҳамлаи гургон ба мардуму пайдо шудани бабрҳои сафед дар кӯҳу пуштаҳои наздик ба ҷамоати Навобод ва ба манзури ҷилвагирӣ аз ҳаводиси эҳтимолии нохуш дар деҳоти мазкур, аз ҳисоби ҷавонон дастаҳои ихтиёрӣ таъсис ёфтанд, ки субҳ ва шом бо калтак мусаллаҳ шуда, деҳаҳоро посбонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG