Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзро ҳал мекунанд


Бино ба иттилои хабаргузориҳо қарор аст, як ҳайати давлати Қирғизистон барои баррасии масъалаҳои марзӣ ба Душанбе сафар кунад. Тарафҳо мақсад доранд, баҳсҳои марбут ба бархе аз минтақаҳои марзи ду кишварро ҳал намоянд. Пештар мақомоти баландпояи Қирғизистон гуфтанд, то ҳол 470 километри ин марз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 1000 километр марзи мушатарак доранд ва дар бархе аз минтақаҳо қаламрави ду кишвар борҳо вориди ҳамдигар мешавад.
XS
SM
MD
LG