Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои муҳоҷирати кории тоҷикон ба Кореяи Ҷанубӣ


Сафиалло Девонаев
Сафиалло Девонаев
Рӯзи панҷшанбе Сафиалло Девонаев-раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Ён Ҷонку-кафили сафорати Корея дар Тоҷикистон мулоқот ва дар бораи нақшаҳои густариши муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сӯбат кард. Девонаев ба дипломати Корея изҳор дошт, ки пешнависи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони корӣ таҳия ва миёни вазоратхона ва муассисаҳои зидахли ду кишвар ба тавофуқ расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст.
XS
SM
MD
LG