Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистон муштоқи мулоқот бо президент


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват шудааст, то дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик ширкат намояд.

Вазорати фарҳанг ва расонаҳои Тоҷикистон аз раисҷумҳур даъват карданд, ки дар ҷашни 100- солагии матбуоти тоҷик ширкат кунад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки пас аз ҷаласаи аввалини Кумитаи тадорукотии ин ҷашн бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин як ҷашни умумимиллӣ аст ва барои таҷлили ин ҷашн вазоратҳои зидахл, ҳукуматҳои маҳаллӣ, тамоми расонаҳои кишвар ҷалб хоҳанд шуд: «Нақшаи кории ин гурӯҳи кориро таҳия кардем, ки дар он дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҷашн пешбинӣ шудааст, аз ҷумла китобу нишони ҷашнӣ. Ҳамчунин аз ҷаноби раисҷумҳур даъват ба амал овардаем, ки дар ин ҷашн ширкат кунанд. Ва ин мавзӯъ ҳоло баррасӣ мешавад.»

Дар Тоҷикистон пас аз даврони истиқлолият 11-уми март ҳамчун рӯзи матбуоти миллӣ ҷашн мешавад. Соли 1912 дар ин рӯз аввалин нашрияи тоҷикии «Бухорои Шариф» дар Бухоро ба нашр расид, ки моҳи январи соли 1913 бо фармони Амир Олимхон баста шуд. Аммо аз замони таҷлили ин ҷашн дар Тоҷикистон, боре ҳам раисҷумҳур дар он ширкат накардааст.

Акбари Саттор
Акбари Саттор
Акбари Саттор, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон мегӯяд, ширкати раисҷумҳур дар ин ҷашн батамом муносибати ҳукумат ба матбуотро тағйир хоҳад дод: «Ин санаи бузург аст. Агар бо ширкати худи Ҷаноби Олӣ доир мегардид, барои пешрафти ин соҳа як такони сахте мешуд. Тавре мо медонем, вақте бо намояндагони соҳаи варзиш вохӯрданд, хеле пешравиҳо шуд. Аз ин хотир, агар ширкат варзанд ва мо бовар дорем, ки ширкат хоҳанд кард, таконе дар равнақи созаи мо мешуд.»

Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар ин боваранд, ки раисҷумҳур ба ҷашни 100 - солагии матбуоти тоҷик бо «дасти холӣ» намеояд ва ҳатман як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла коҳиши андозро ба расонаҳо «тӯҳфа» хоҳад кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тибқи анъана бо қишрҳои гуногуни ҷомиа, аз ҷумла зиёиён, соҳибкорон, варзишгарон ва ғайра мулоқотҳои вижа баргузор мекунад.

Ҳамчунин мулоқотро Эмомалӣ Раҳмон 8-уми декабри соли 2009 бо рӯзноманигорон дошт, ки пас аз «фирори» як қатор иттилоот, аз ҷумла дар бораи Самарқанду Бухоро дар матбуоти Русия ба нашр расид ва ба назар мерасад, пас аз ин эътимоди раисҷумҳур ба рӯзноманигорон коста шуд.

Мусо Асозода
Мусо Асозода
Дар ҳамин ҳол, Мӯсо Асозода, аз Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон мегӯяд, раисҷумҳур ҳатман дар ин санаи барои миллати тоҷик муҳим ширкат ва суханронӣ хоҳад кард: «Ба ин хотир, ки тайи сад соли ахир матбуоти Тоҷикистон дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо ҳам дошт ва дар давраи истиқлолият низ вазъ чунин аст. Аз тарафи раҳбари давлат як роҳнамоӣ кардани Иттифоқи журналистон ва тамоми матбуоти даврӣ як кори хубе мешавад барои ҷомеасозӣ ва ояндаи Тоҷикистон.»

Иддае дигар аз рӯзноманигорон ҳам ҳадс мезаданд, ки дар арафаи ҷашн раисҷумҳур бо тамоми расонаҳои муқими Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир хоҳад кард. Аммо мақомот ва раҳбарони созмонҳои рӯзноманигорӣ мегӯянд, танҳо ширкати ӯ дар ҷашнвора як таҳаввулоти назаррасе дар амри равобити ҳукумату матбуот хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG