Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"СМС" - сохтану сӯхтан...


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

СМС ё паёмак бахши муҳиме аз хадамоти ширкатҳои мобилист, ки акнун ширинтарин ё талхтарин лаҳзаҳои зиндагии сокинони Тоҷикистон бо он пайванд мегирад.

Ширкатҳои мобилӣ 24 соат дар шабонарӯз паём мебаранду пайғом меоранд. Паёмҳои ширину талх, муҳиму беаҳамият, сарнавишсозу дилшикан.

Агар дар гузашта бобову бибиҳои мо номаҳои худро маъмулан бо ҷумлаи “Мактуби саломатӣ аз номи...” шурӯъ мекарданд, паёмакҳо кӯтоҳ, вале дар бисёр маврид зарбазан навишта мешаванд.

Занҳои ҷавони тоҷик мегӯянд, пайдо шудани телефонҳои мобиливу "смс" рафтори ҳамсари онҳоро шаффофтар кард. Вале ҳамзамон нишон дод, ки барои халос шудан аз “бозпурсӣ”-и занҳои худ, мардҳои тоҷик ба ҳар дурӯғе қодир ҳастанд.

"СМС" ВА ҶАНҶОЛҲОИ ХОНАВОДАГӢ

Албатта, дар Тоҷикистон низ телефони ҳамроҳ бо "смс"-ҳояш моли хусусии ҳар фард ҳисоб мешавад ва касе ҳақ надорад ин ҳаримро поймол кунад. Вале кам зане ёфт мешавад, ки аз васвасаи тафтиши телефони мобили шавҳар раҳо шуда тавонад.

Гуфта мешавад, баъди пайдо шудани хадамоти "смс" дар Тоҷикистон, ҷанҷолҳо дар хонаводаҳои ҷавон бештар шуда, шавҳарҳо низ қуфли вуруд ба телефонҳои мобили худро шадидтар кардаанд. Бо ин вуҷуд, мардум бисёр хурсанд ҳастанд, ки ҳатто дар сурати пайдо набудани фарди мавриди назар, ҳадди ақал метавонӣ як- ду каломи обдорро ба телефонаш бифиристӣ.

Нигина Алиева хабарнигор аст ва аз паёмакҳо ҳам барои кор ва ҳам барои зиндагии шахсиаш истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамеша бо "смс" мисраъҳои рӯҳнавозро ба дӯстписараш мефиристад. Махсусан, вақте ки ҳарду дар ҳоли "ҷанг" бошанд. Нигина бартарии паёмакро дар он мебинад, ки як тарафи баҳс каломи худро даҳ бор дар тарозуи ақл мегузорад ва сипас тугмаи “фиристед”-ро пахш мекунад.

ПАЁМҲОИ НОШИНОС

Эраҷ
Эраҷ
Фановарии ҷадид дар Тоҷикистон бо суръат рушд мекунад. Дигар интиқоли садову аксу мусиқӣ аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ касеро ба ҳайрат намеорад. Бинобар маълумоти расмӣ, беш аз 80 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо телефони ҳамроҳ таъминанд. Ҳатто хонаводҳои камбизоат, ки дар таълим ва тарбияи фарзандонашон дасти кӯтоҳ доранд, вуҷуди телефони ҳамроҳро муҳим мешуморанд.

Эраҷ, ҳамсӯҳбати дигари мо, ки ба тозагӣ оиладор шудааст, мегӯяд, духтарони зиёде ба ӯ "смс" мезананд, ки бисёре аз онҳоро намешиносад. Ӯ паёмҳоро мехонад, вале зуд пок мекунад. Эраҷ метарсад, ки агар ҳамсараш паёмакҳои ӯро бубинад, ҳатман ҷанҷоли бузург сар мешавад ва эҳтимол ба хонавайронӣ бикашонад.

Ӯ гуфт, "смс"-ҳои хабарӣ ҳам мегирам ва ҳам мефиристам. "Смс"-ҳоямро ба касе иҷоза намедиҳам, ки бихонад, бахусус ҳамсарам."

ТАЛОҚИ "СМС"-Ӣ

Хадамоти "смс" дар Тоҷикистон соли 2004 фаъол шуд. Аммо ин навъи хизматрасонӣ дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистон шуд, ки ба паёмакҳо рисолати комилан ғайриинтизор дода шуд. Талоқ аз тариқи "смс" роиҷ шуд ва садҳо оила аз ҳам пошиданд.

Соли 2011 Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи Тоҷикистон аз шиддат гирифтани талоқҳои "смс"-ӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Ин кумита теъдоди хонаводаҳои бо ин роҳ аз ҳам пошидаро то ҳол эълон накардааст, вале гуфта мешавад, ин роҳи осони бе ҷанҷол аз ҳам дур шудан шинохта шуд. "Смс" мефиристӣ, телефонатро хомӯш мекунӣ ва дастнорас мешавӣ.

Ин шеваи талоқ рӯҳониёнро низ нигарон кард, зеро ба гуфтаи онҳо рукнҳои аслии талоқ риоя намешуданд.

"ШӮХИҲОИ НОҶО"

Баъзе шаҳрвандон ба хотири шӯхиву ханда ва ё масхараи касе низ паёмак мефиристанд. Садбарг Каримова, табиби тоҷик гуфт, боре "смс" гирифт, ки дар он чунин навишта шудааст: "Занги баромади Шумо 1 мииллион сомонӣ бурд кардааст..."

Садбарг мегӯяд, ӯро аз хушнудӣ то рӯз хоб набурд ва саҳар ба ширкати мобилӣ шитофт, то як миллион сомониро бо худ бубарад. Аммо дар ширкат ба ӯ гуфтанд, ки ин шӯхии ноҷои касе будааст.

Истифодабарандагони хадамоти паёмак дар Тоҷикистон асосан наврасону ҷавононанд. Онҳо аз тариқи "смс" бо ҳам ошиқ мешаванд, қарор мегузоранд, қаҳр мекунанд, якдигарро ба тафреҳгоҳҳо даъват мекунанд. Ғунчагул, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, як сол боз аз ҷавоне пайваста "смс" мегирад, аммо ӯро боре ҳам надидааст. Ғунчагул мегӯяд, паёмҳои ин ҷавон то андозае дилчаспу ширин ва таҳрикдиҳандаанд, ки ӯ рӯи ҷавонро надида, ошиқ шудааст.

"ДӮСТАТ МЕДОРАМ..."

Гавҳар Валиева
Гавҳар Валиева
Аммо Наргис ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, чанде боз ба ӯ як нафар паём мефиристад ва мегӯяд, "ман дар маҳбасам ва то озод шудани ман шавҳар накун, ман дӯстат медорам..."

Наргис мегӯяд, аз як тараф дилаш месӯзад ва мехоҳад ба он ҷавон ҳарфи гарме бигӯяд, аммо аз тарафи дигар метарсад, ки мабодо ин ҳама шӯхӣ бошад.

Наргис аз ин “смс"-бозиҳо таҷрибаи талхе андӯхтааст ва акнун ба онҳо хеле боэҳтиёт бархӯрд мекунад. Маҳз ошкор кардани "смс"-ҳои зани ношинос дар телефони шавҳараш ҳардуро аз ҳам ҷудо кард.

Гавҳар Валиева, корманди бахши тиҷоратӣ мегӯяд, "смс" хуб аст, дар сурате ки нафари зарурӣ имкони пайдо кардан надорӣ ё имкони сӯҳбати телефонӣ нест. Тариқи "смс" мақсадатро мефаҳмонӣ."

Бардошти ҳамсӯҳбатони мо аз хадамоти "смс" гуногун аст. Яке аз хондани "смс"-ҳо хушҳолӣ мекунад, дигаре баръакс. Аммо, "смс"-е, ки ҷомеаи Тоҷикистонро соли 2009 такон дода буд, хабари вуқӯи эҳтимолии заминларза буд, ки нафаре шояд бо шӯхӣ ба касе фиристод, вале садҳо ҳазор нафар шабро дар кӯчаи сард рӯз карданд.
XS
SM
MD
LG