Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди шикасти Олмони фашистӣ дар Сталинград


Ёдгории Мамаев Курган дар Волгоград( Сталингради собиқ)
Ёдгории Мамаев Курган дар Волгоград( Сталингради собиқ)
Имрӯз, 2 феврал, дар Брюссел нишасти дурӯзаи вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони низомии НАТО оғоз ба кор хоҳад кард. Имрӯз дар Киев музокироти дурӯзаи Украинаву Русия пиромуни сарнавишти артиши баҳри Сиёҳ оғоз мешавад. Имрӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Пекин бо сарвазири Чин Вен Ҷибао мулоқот мекунад. Кумиссари ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо Т.Ҳаммарберг имрӯз дар Шӯрои доимии САҲА суханронӣ мекунад. Қарор аст, имрӯз кумитаи бонкдории Сенати Амрико қонуни таҳримоти бештари иқтисодӣ алайҳи Эронро ба раъйгирӣ гузорад. Имрӯз дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон сиёсати Ҳинд дар қиболи Осиёи Марказиро баҳс хоҳанд кард. Ва 2 феврали соли 1943 нирӯҳои Олмони фашистӣ дар Сталинград шикаст хӯрданд, ки ин як нуқтаи чархиш дар Ҷанги дувуми ҷаҳон шуд.
XS
SM
MD
LG