Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 13 нафар бар асари сардиҳо дар Украина


Вазорати ҳолатҳои изтирории Украина хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта бар асари ҳавои сард дар кишвар боз 13 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар маҷмӯъ тайи панҷ рӯзи сардиҳо дар Украина 43 нафар ҷон бохтанд. Ба иттилои вазорат, бештари онҳо - 28 нафар афроди бесарпаноҳанд. Ҳафт нафар дар манзилашон ва ҳашт каси дигар дар бемористон ба ҳалокат расиданд.

Тайи рӯзҳои ахир беш аз 700 нафари сармозада ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки дар бархе манотиқи Украина ҳарорати ҳаво то 33 дараҷаи Селсия поён рафтааст.
XS
SM
MD
LG