Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 ҷангҷӯи толиб дар Оракзай


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаҳои ҳавоӣ 20 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд.

Ба гуфтаи намояндаи вазорати дифои кишвар, махфигоҳҳои ҷунбиши “Толибон” дар минтақаи кӯҳии Оракзай ҳадафи зарбаҳо қарор гирифтанд. Дар ин минтақа гурӯҳҳои фармондеҳони толибон Мулло Тӯфон ва Муҳиддин мустақаранд. Бар пояи бархе хабарҳо, миёни кушташудагон дар ҳамлаи ахир фармондеҳ Муҳиддин ҳам ҳаст.
XS
SM
MD
LG