Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми умрбоди Қодирҷон Ботиров бетағйир монд


Додгоҳи вилояти Ҷалолобод ҳукми ҳабси умрбоди Қодирҷон Ботиров- раҳбари фирории ҷамъияти узбакҳои ин минтақаи ҷануби Қирғизистонро ба қуввааш боқӣ гузошт. Ботиров, ки ҳар навъ иттиҳом алайҳашро радд мекунад, моҳи ноябр дар Шветсия паноҳандагӣ дарёфт кард. Додгоҳи шаҳри Ҷалолобод дар моҳи октябр Ботировро дар ғайбаш бо ҷароиме, чун таблиғи ҷудоихоҳӣ, барангехтани адовати қавмӣ ва ташкили низоъи хунини моҳи июни соли 2010 байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод ба ҳабси якумра маҳкум карда буд. Дар он даргириҳо дастикам 447 нафар, ағлаб узбакҳо, кушта ва ҳазорон нафар бехонавудар шуданд.
XS
SM
MD
LG