Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷавлонгоҳ Ҷамшедро террорист кард?


Вай дар Узбакистон диндор набуд, аммо мехост, аз муборизони фаъоли ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бошад.

Вақте ки Ҷамшед Мухторов дар фурудгоҳи Чикаго гӯш ба занги эълони парвози Истанбул менишаст, интизори инро надошт, ки агентҳои Бюрои Федероли Пажӯҳиш (FBI) ӯро аз чаҳор тараф иҳота мекунанд ва ба ҳабс мегиранд. Вай бештар дар бораи кӯҳу адирҳои Вазиристони Покистон ва ҷанг бо “кофирон” фикр мекард. Аммо FBI барои боздошти ӯ далелҳои кофӣ ҷамъ оварда буд.

Бино бар ин мавод, ки ба додрас пешниҳод шуд, ҳар қадами Ҷамшед аз моҳи марти соли 2011 то лаҳзаи ҳабсаш дар рӯзи 21-уми январи 2012 зери назар буд, ҳар сӯҳбати телефонӣ, тамоми додугирифти имейлӣ ва ҳар амалаш дар компютер ё ройона, ҳамаи ҳаракатҳояш сабт мегашт. Ҳеҷ сирри ӯ наметавонист, пинҳон бимонад.

НИГОҲЕ БА ПАРВАНДА

Саволи аввал ин аст, ки чаро аз миёни ҳазорон шаҳрванди Узбакистон ё даҳҳо ҳазор муҳоҷирони нав ба нави Амрико FBI маҳз ба Ҷамшед Мухторови 35-сола диққат дод? Чӣ чизе иттифоқ афтод, ки ӯ зери, ба истилоҳ, “кулоҳ”-и хадамоти махсуси Амрико афтад.

Парванда ба ин пурсиш посух медиҳад, ки Мухторов рӯзи 5-уми феврали соли 2011 аз хонааш дар шаҳраки Аврораи аёлати Колорадо на танҳо вориди сомонаи интернетӣ ё торнамои Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломии Узбакистон шуд, балки бо маъмури он, ки “Муҳаммад” ном доштааст, дар тамос гашт. Номаҳои аввали ӯ ба Муҳаммад ончунон фошгӯёна будаанд, ки Муҳаммад барои зикри номи Ҷумъаи Намагонӣ ӯро ҳушдор додааст. Вай огоҳ кардааст, ки мумкин аст, сӯҳбатҳои телефонӣ шунида шаванд. Сипас, ҳарду онҳоеро, ки ба сӯҳбаташон гӯш медиҳанд, лаънат карда, аз Оллоҳ хостаанд, мулҳидон ба ҷазояшон расанд.

Зимнан, Ҷумъаи Намангониро, ки соли 2001 дар ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Афғонистон кушта шуд, дар Тоҷикистон хуб мешиносанд. Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломии Узбакистон гурӯҳе мебошад, ки аз Ҳаракати Исломии Ҷумъаи Намангонӣ ҷудо шудааст ва дар минтақаи қабиланишини Покистон паноҳ ёфта, ба ақидаи мақомоти амрикоӣ, борҳо ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ҳамла кардааст.

Як моҳ пас аз раддубадалҳои телефонӣ ва имейлӣ Ҷамшед ба Муҳаммад гуфт, ки омодааст, ба ин минтақа сафар ва дар муборизаҳо ширкат кунад. Вай ҳамчунин навишт, ки мехоҳад, барои кӯмак ба “бародарон” ва баргузории “тӯй” (амали террористӣ) пул фиристад, аммо намедонад, ба чӣ навъ. Муҳаммад ваъда додааст, ки ин роҳро ба Ҷамшед, ки акнун “Абумӯъмини Туркистонӣ” ном гирифтааст, нишон хоҳад дод.

Вале, зоҳиран, Ҷамшед ҳамон дудила боқӣ мондааст ва ҳарчанд дар моҳи майи соли 2011 аз тариқи интернет билети парвоз ба Туркияро ҷустааву якеро барои июн банд карда бошад ҳам, нахаридааст. Сабти сӯҳбатҳои телефонии ӯ бо ҳамсараш Наргиса нишон медиҳад, ки ин дар ҳоли фурӯпошист ва Наргиса мехоҳад ба назди модараш, ба Бишкек баргардад.

НИЗОЪ ДАР ОИЛА

Ҷамшед, ки ронандаи мошини боркаш буд, дар сафаре ба Аризона телефонӣ ба ҳамсараш гуфтааст: “Медонӣ, Аризона айнан мисли Ҷиззах аст. Мехоҳӣ ба ин ҷо кӯчем?” Наргиса посух додааст: “Магар ту намехостӣ, ба Туркия равӣ?”

20-уми июли соли 2011 Наргиса барои худ ва се фарзандаш ба Бишкек билети ҳавопаймо мехарад. Ҷамшед аз Вермонт ба ӯ занг зад ва бо асабоният гуфт, пас, Наргиса мебоист, барои ӯ билети Истамбул мехарид. Вай шарт мегузорад: “Ё ман, ё модарат. Интихоб кун!” Наргиса: “Ту магар ба Туркия намеравӣ?” Дертар, дар гуфтугӯ бо падараш Ҷамшед мегӯяд, ки пас аз бозгашти оилааш ба Бишкек, вай худ “ба таҳсил” меравад. Ба духтари 6-солааш мегӯяд, ки мумкин аст, дигар падари худро набинад, вале агар ӯ мусулмонзани хубе шавад, дар биҳишт мулоқот хоҳанд кард.

Ин давраест, ки дар сӯҳбатҳои Ҷамшед ва Муҳаммад номҳои дигаре мисли “Саҳвӣ” ва “Толиб” пайдо шуда, шиорҳои динӣ афзоиш меёбанд. Муҳаммад: “Инҳо вирусҳое ҳастанд, ки олами Исломро аз дарун вайрон мекунанд.” Ҷамшед: “Антивирус даркор аст.” Муҳаммад: “Яъне ҷиҳод!” Ҷамшед: “Бузургтарин антивирус Қуръони маҷид аст!” ва сӯҳбатҳое аз ин қабил. Ҷамшед тасмими ниҳоӣ мегирад ва барои 21-уми январ билети Истамбул мехарад...

ЧАРО РОҲИ СИТЕЗА?

Дар ним соли гузашта ин дувумин шаҳрванди Узбакистон аст, ки дар Амрико бо иттиҳоми ситезаҷӯӣ боздошт мешавад. Моҳи июли соли 2011 хадамоти кашфи Амрико Улуғбек Қодировро дар аёлати Алабама боздошт кард, ки, гуфта мешавад, ба куштани раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама омодагӣ медид. Ӯ ҳамчунин ба нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Аммо Ҷамшед Мухторов нақша надошт, дар Амрико амали тахрибгаронае анҷом диҳад.

Паноҳандаи сиёсии узбактабор дар Амрико, Аҳмадҷон Мӯъминов, ки низ як шахси мазҳабист, мегӯяд, ҷавонон аз Узбакистону Тоҷикистон, ки ба Амрико омадаанд, хеле осон тӯъмаи гурӯҳҳои тундрав мешаванд: “Вақте ки ин бача ба Амрико омад, диндор набуд. Дар ҳамин ҷо динро омӯхт. Шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз кишварҳои аз лиҳози динӣ ноозод ба кишваре меоянд, ки дин дар комилан озод аст. Дар бисёр ҳолат онҳо бо одамони дуруст рӯбарӯ намешаванд. Дар ин ҷо, масалан, бист равияи исломӣ ҳаст ва касе, ки таҳкурсӣ надорад, метавонад, ҳар чизеро, ки писандаш ояд, қабул кунад.”

Ба бовари ҷаноби Мӯъминов, ҷавононе, ки “дар ватан аз мактаби дин нагузаштаанд, ё устоде надоштаанд, аксаран ба роҳи ғалат мераванд”. Охири соли гузашта хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки дар Бруклини Ню Йорк масҷиди муштараки шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бунёдгузорони он мегӯянд, ҳадаф доранд, ҷавононро аз таъсири тундравон эмин доранд. Аммо ин дар ҳолест, ки падару модарон ва хешу наздикони ҷавононе, ки дар Иёлоти Муттаҳида кор ё таҳсил мекунанд, аз хабарҳои мазҳабӣ ва то андозае тундрав шудани онҳо нигаронанд.

Коршиноси умури Ховари Миёна ва ислом, профессор Нодир Ҳошимӣ, мегӯяд, на танҳо озодии дин ин ҷавононро сархуш мекунад, балки “ҳокимияти диктатории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои тундраверо ба вуҷуд меорад”, ки Ҷамшед Мухторов яке аз пайравони онҳост. Вай ба он таъкид мекунад, ки Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломии Узбакистон хостори суқути режими президент Ислом Каримов аст.

Маводи нашркардаи Бюрои Федероли Пажӯҳиш ҳамаи гуфтугӯҳои Ҷамшедро бо ҳамсараш фаро намегирад ва маълум нест, мушкил дар хонавода, камбуди муошират ва ноқаноатмандӣ аз зиндагӣ то куҷо сабаб шудааст, ки вай пой ба пайроҳаи терроризм гузорад.

ПЕШ АЗ ҲИҶРАТ БА АМРИКО

Ба қавли блогнависон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Ҷамшед Мухторов дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон ҳамчун фаъоли ҳуқуқ машҳур буд. Вай замоне ба сафи муборизон бипайваст, ки хоҳар ва сипас падарашро ба ҳабс гирифтанд. Баъд аз рӯйдодҳои хунини соли 2005-и Андиҷон вай ба паҳн кардани гузоришҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Humаn Right Watch айбдор шуд, аммо тавонист, аз ҳабс наҷот ёбад ва бо аҳли оилааш ба Қирғизистон фирор кунад. Ба ақидаи онҳое, ки ӯро мешиносанд, Ҷамшед шахси ҷасур ва ҳақталош буд, аммо худхоҳӣ ва манфиатҷӯӣ ҳам дар ӯ дида мешуд.

Бархе аз ҳамроҳони собиқаш ӯро дар ҳамкории махфӣ бо ҳукумати Узбакистон айбдор кардаанд. Бархи дигар тахмин задаанд, ки вай супориши хадамоти махфии Амрикоро иҷро мекард. Аммо аксарият гуфтаанд, вай ҷавони пурғайрат ва фаъоле буд, ки мехост, ҷои худро дар зиндагӣ пайдо кунад. Эҳтимол меравад, ки ӯ аз зиндагӣ “ҷавлонгоҳ”-и васеътаре мехост, аммо акнун дар ҳуҷраи танге ба сар мебарад ва агар айбномааш исбот шавад, 15 соли умрашро ин ҷо хоҳад гузаронд.
XS
SM
MD
LG