Додгоҳи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз ҳукми зиндони абад, ки додгоҳи шаҳрӣ ба Қодирҷон Ботиров-раҳбари узбактаборони ин шаҳр дода буд, дарстгирӣ кард. Ҳоло худи Ботиров дар паноҳандагӣ ба сар мебарад. Моҳи ноябр Шветсия ба вай паноҳандагии сиёсӣ дод ва вай иддао мекунад, ки гуноҳе содир накардааст. Моҳи октябри соли гузашта додгоҳи шаҳрии Ҷалолобод вайро дар ғиёбаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Вай барои тафриқаандозии қавмӣ ва ташкили даргириҳои миёни узбакҳову қирғизҳо гунаҳгор дониста мешавад. Дар даргириҳои моҳи июни соли 2010 дар Ӯш ва Ҷалолобод дастикам 447 нафар кушта шуданд.