Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчидаҳои "Роғун" чӣ ҳол доранд?


Раванди кӯч додани мардум аз қаламрави сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таври муносиб сурат намегирад.

Шароити номусоид дар ҷои нави зист ва нотавонии мақомоти кишвар дар амри таъмини хонаводаҳои кӯчбаста ба ноҳияи Данғара, онҳоро ба бозгашт ба ҷои пешини зисташон водор кардааст.

Ҳанӯз теъдоди ин хонаводаҳои норозӣ дақиқ карда нашудааст, вале камбуди шароити таълиму парвариш, набуди нуқтаи тиббӣ ва норасоии маблағи ҷуброни сохтмони манзил дар ҷойҳои нав маҷбур кардааст, ки баъзе аз сокинони ноҳияи Нуробод аз идомаи зиндагӣ дар ҷойҳои нав даст кашанд.

Таҳмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози барномаи мониторинги кӯч додани сокинон аз минтақаи обанбори Роғун дар Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон пас аз муарифии як бозрасии ин созмон таҳти унвони «Пешбарии манфиатҳои шахсоне, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кӯчонида мешаванд» ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

«Албатта мо чунин ҳолатро дар ноҳияи Данғара, ки хонаводаҳо аз ноҳияи Нуробод омадаанд мушоҳида кардем ва шумораи ин хонаводаҳо мушаххас нашудааст. Ва мо сабабҳои аслии тарки ҷойи нав кардани ин мардумро меомӯзем, шояд муҳити нав ба онҳо маъқул нашудааст, шояд шароити киштукор дар инҷо писанд наафтода бошад, мумкин аст онҳо ҷои кор пайдо накардаанд. Дар баъзе ҷойҳои дигар афроди кӯч дода шуда ба ҷои нав мутобиқ нашудаанд ва даромад надоранд, зуд-зуд барқи онҳо хомӯш карда мешавад, имкон пардохт надоранд.»

Барномаи кӯчонидани мардуми минтақаи қаламрави сохтмони Роғун ҳанӯз соли 2009-ум оғоз ёфта буд. Дар чорчӯби ин барнома, 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор нафар сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод ба Данғара, Турсунзода ва Теппаи Самарқандӣ дар атрофи пойтахт ва Дарбанд муҳоҷир шаванд. Ин марҳила то соли 2015 идома хоҳад ёфт.

Доир ба раванди кӯч додани мардум ва вазъи зисти онҳо дар ҷойҳои нав бо мусоидати Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Дафтари ҳуқуқи инсон ва қонунмандии Тоҷикистон як бозрасӣ анҷом дода шуд ва ин бозрасӣ дар ҳузури намояндагони мақомоти масъули ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ сурат гирифт.

Яке аз масъалалаҳои ҷиддие, ки дар минтақаҳои нави зист ба мушоҳида мерасад, аз тарфи ҳукумат дуруст сурат нагирифтани пардохти ҷубронпулӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маблағи ҷубронпулӣ мебошад. Гузашта аз ин, мувофиқи баҳогузории Идораи НБТИ, арзиши манзилҳои сокинони муҳоҷир дар ҳар минтақа дар соли 2009, аз 15 то 40 ҳазор долларо дар бар мегирад. Ва ин маблағ дар чаҳор марҳила сӣ дар садӣ ба хонаводаҳо дода мешавад. Аммо вобаста ба боло рафтани нархи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар ашё зарурӣ, ин маблағ дар сохтмони хона дар ҷои нав камӣ мекунад.

Сокинони ноҳияи Нуробод, Роғун ва Рашт аз тариқи Дафтари ҳуқуқи инсон тақозо кардаанд, ки ҳаҷми ин маблағ афзуда шавад, аммо аз ин пешниҳод тақрибан як сол мегузарад ва ҳукумат иқдоме аз худ нишон надодааст.

Аммо Рамазон Мирзоев, раиси Муассисаи давлатии минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт, ки аллакай ҳукумат масъалаи пардохти маблағи сокинони муҳоҷирро бо назардошти боло рафтани нархи маводи сохтмонӣ дар як соли ахир ҳал кардааст:

«Мардум ин масъаларо дуруст бардоштааст, ки масъалаи техпаспорти манзилҳо ва нархгузории манзилҳо, ки дар охирҳои соли 2009 сурат гирифтааст як сол гузашт. Ва буҳрони иқтисодӣ таъсири ҷиддӣ расонид. Бо назардошти ин, ҳукумат ин масъаларо бозбинӣ кард. Ҳоло ғайри маблағе, ки дар ивази баҳои манзил дода мешавад, боз иҷоза дода шуд, ки тамоми ашёи манзили куҳна низ истифода карда шавад. Ин масъала ҳал шуд.»

Ба қавли ҷаноби Мирзоев, ҳоло марҳилаи сохтмони мактабҳо ва бунёди нуқтаҳои тиббӣ дар маҳалли муҳоҷирон оғоз шуда ва идома дорад. Вай меафзояд, ки дар ин миён ҳукумат ба муҳоҷирон дар минтақаҳо ҳудуди 40 миллион сомонӣ шуруъ аз ҷубронпулӣ то харҷи муҳимоти зинадагӣ харҷ кардааст.

Аммо ба қавли афроде, ки аз ноҳияи Нуробод ба Данғара кӯч дода шудаанд, нуқтаҳои тиббӣ то 3 ва 7 километр дур аз маҳалли зисти онҳо қарор дорад, ки хусусан дар фасли сармо расидан ба он ҷойҳо бисёр мушкил аст. Онҳо мегӯянд, ки ҳанӯз дар маҳалли онҳо нуқтаи тиббӣ ва мактаб вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки Рамазон Мирзоев, раиси Муассисаи давлатии минтақаи таҳти сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт, ки бунгоҳи тиббӣ дар маркази деҳаи Чорсада-2 ноҳияи Данғара бунёд шуда ва ба муҳоҷирон хадамоти тиббиро ба роҳ мондааст.

Масъалаи дигари ҷиддие, ки дар ҳамоиши бозрасии Идораи ҳуқуқи инсон таъкид шуд, зарурати анҷоми як бозрасии экологӣ дар ҷойҳои нави зисти муҳоҷирин мебошад.

Сокинони ноҳияи Нуробод, Роғун ва Рашт ҳамчунон мехоҳанд, ки дарахтони себ, нок ва дигар дарахтони худро ба ҷойҳои нав биоранд ва парвариш кунанд.
XS
SM
MD
LG