Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи ҳавоии Яман 15 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, ҳангоми ҳамла ба афроди гумонбар ба шӯришиёни ал Қоида дар Яман дастикам 15 нафар кушта шудаанд. Манобеи маҳаллии Яман иттилоъ додаанд, ки дар ин ҳамла Абдулмуним ал Фаҳтанӣ-раҳбари минтақаии ал Қоида дар миёни афроди кушташуда будааст. Хабаргузории Франс Пресс аз номи як мақоми низомии Яман нақли қавл кардааст, ки ҳамлаи ҳавоиро ҳавопаймоҳои Амрико анҷом додаанд. Амрико дар бораи ин ҳамла тавзеҳот надодааст ва маълумоти дигар мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG