Ҳавошиносон барои имрӯз, 31 январ, низ дар Тоҷикистон боридани барфро пешбинӣ мекунанд. Пойинтарин мизони ҳарорат – 4 дараҷаи зери сифр - имрӯз дар Ғарму Хоруғ ва баландтаринаш – 6 дараҷа гарм – дар Кӯлоб дар назар дошта шудааст. Ҳавои имрӯз дар Хуҷанд - 2, дар Қӯрғонтеппа – 4 ва дар Душанбе – то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.