Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи 34 узви исфарагии ҲИУ


Додситонии вилояти Суғд тафтиши аввалияи парвандаи гурӯҳи 34 нафарии мансуб ба ҲИУ -ро анҷом додааст.

Инҳо ҳамагӣ сокинони ноҳияи Исфара мебошанд. Дар курсиҳои айбдорӣ Абдухолиқ Бобоев ба ҳайси раҳбари ин гурӯҳ, Сайдулло Абдухолиқов, Лутфулло Турсунов, Савридин Ҷӯраев, Давлат Шарифов ва дигарон чун аъзои қаторӣ нишастаанд.

Бино ба гуфтаи додситонии Суғд, ин афрод аз миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта ба ҲИУ пайваста, сокинонро ба шомил шудан ба ин созмон тарғиб ва роҳҳои ба даст овардани пул ва силоҳи оташфишонро ба хотири тақвияти фаъолияти ҲИУ ҷустуҷӯ мекарданд.

Тафтиши аввалия ин гурӯҳро ба ҳамдастӣ дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин, ки тайи солҳои 2005 – 2009 роҳандозӣ шудаанд, айбдор медонад.

Аз ҷумла онҳо дар ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроққум дар моҳи январи соли 2006 ва куштори Бобоҷон Гадойбоев, раҳбари ин муассиса ва гурезонидани Фатҳулло Раҳимов, яке аз раҳбарони маҳаллии ҲИУ, ҳамлаи мусаллаҳона ба як қисми низомӣ дар мавзеъи Лаққони ноҳияи Исфара ва куштори се низомӣ гунаҳкор дониста мешаванд.

Онҳо ҳамчунин дар тасарруфи 19 силоҳи Калашников, суиқасд ва қатли чанд корманди милиса ва шаҳрванди оддӣ, ҳамдастӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилӣ дар Хуҷанд дар тирамоҳи соли 2010, айбдор дониста мешаванд.

Вале Файзинисо Воҳидова, яке аз вакилони дифои ин гурӯҳи 34 нафарӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин афрод дар содир кардани ҷиноятҳо мустақиман иштирок надоштаанд:

«Амалан ин 34 нафар ягон ҷиноят содир накардаанд. Фаъолони ҲИУ дар Исфара барои нерӯмандтар кардани сафҳояшон инҳоро ҷалб карда буданд ва баъди куштору боздошти онҳо дар давоми солҳои 1996 – 2009, аъзои гурӯҳи 34 нафарӣ ҳам ҳанӯз ягон супориш ё амри раҳбаронашонро иҷро накарда, пароканда мегардад. Бо ин вуҷуд тафтишоти аввалия ва додгоҳ онҳоро мутобиқи банди 187 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳомоти таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва иштирок дар он дастгир ва айбдор мекунад. Албатта, гунаҳкор будан ё набудани онҳоро додгоҳ муайян хоҳад кард.»

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои гунаҳкорон мутобиқи ин банд аз 8 то 20 соли ҳабс бо мусодираи амвол ё бидуни он таъин кардааст. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, аз айбдоршавандагон гурӯҳи вакилони дифоъ ҳимоят мекунанд.

Додгоҳи Суғд ба бозбинии парвандаи гурӯҳи 34 нафарӣ субҳи 31-уми январ дар толори боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд оғоз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG