Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, барои ширкат дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 4-5-уми феврал дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, паҳлавонони маъруфи кишвар Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг) ва Муҳаммад Абдураҳмонов (100 кг) омодагӣ мебинанд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки байни мардону занон сурат мегирад, ширкати беш аз 700 гуштигир аз 104 кишвар дар назар аст.
Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мусобиқа ва ҷоизадорон ба ғайр аз мукофотпулӣ соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.
Барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 Расул Боқиев, Муҳаммад Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Парвиз Собиров ва дигарон имконоти хуб доранд.
Гуштигирони тоҷик пас аз Фаронса дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Олмон ва Австрия ширкат хоҳанд кард. Инчунин моҳи апрел дар шаҳри Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё барпо мегардад.
Мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Носир Бозоровро инҷо бишнавед: