Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Боко Ҳарам ба давлати Нигерия


Боко Ҳарам, як гурӯҳи тундгарои исломӣ, ки то кунун садҳо нафарро дар Нигерия куштааст, эълом кард, ки ба ин кораш идома хоҳад. Абу Қақа, сухангӯи Боко Ҳарам ба рӯзномаи “Гордиан”-и Бритониё гуфтааст, аъзои ин гурӯҳ, ҳаводорони Ал-Қоида ҳастанд ва баъзе аз онҳо зимни сафар ба Арабистони Саудӣ бо раҳбарони баланмақоми ин шабакаи террористӣ мулоқот кардаанд. Дар як навори интернетӣ, ки мутаалиқи Абубакр Шикӯ, раҳбари Боко Ҳарам медонанд, ӯ таҳдид кардааст, маъмурони амниятии бештаре дар Нигерияро мекушад ва аъзои хонаводаҳояшонро гаравгон мегирад. Ӯ Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро ба ҷангидан алайҳи ислом муттаҳам кардааст. Боко Ҳарам мехоҳад, дар Нигерия мардум бо қонунҳои шариат зиндагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG