Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни хурдсоли Ҳолокост


Маҳбусони лагери Аушвитс-Биркенау дар Лаҳистон
Маҳбусони лагери Аушвитс-Биркенау дар Лаҳистон
Имрӯз Рӯзи байнулмилалии ёдбуди қурбониёни Ҳолокост аст ва мавзӯъи асосии он “Кӯдакон ва Ҳолокост” эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки замони қатли оми яҳудиҳо дар давраи ҷанги дуввуми ҷаҳон дар баробари калонсолон яку ним миллион кӯдакон ҳам кушта шудаанд.

67 сол пеш артиши шӯравӣ маҳбусони лагери Аушвитс-Биркенау дар Лаҳистонро озод кард, соли 2005 Маҷмааи кулли СММ 27 январро рӯзи ёдбуди қурбониёни Ҳолокост эълон намуд.

Дар қатъномаи СММ гуфта шудааст, ки Ҳолокост ҳамчун ҳодисаи таърихӣ набояд рад карда шавад ва мавзеъҳое, ки он ҷо қатли оми яҳудиҳо сурат гирифтааст, бояд чун ҷойҳои таърихӣ зери ҳимоят қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG