Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 29 нафар дар инфиҷоре дар Бағдод


Теъдоди қурбониёни инфиҷор дар шаҳри Бағдод то 29 нафар афзоиш ёфт. Бар асари таркиши маргталабона дар наздикиҳои бозори маҳаллаи шианишини Зафаранияи пойтахти Ироқ беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, маргталаб худро дар маросими ҷанозаи аҳли як хонавода тарконид, ки дирӯз дар як инфиҷори дигар дар Бағдод ба ҳалокат расида буданд.

Масъулияти ҳамларо касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG