Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Зоҳидов: "Пешниҳодҳои Маскавро баррасӣ дорем"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон бастаи пешниҳодоти Русия дар мавриди пойгоҳи низомии 201 дар ин кишварро дарёфт кардааст.

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири хориҷии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ин пешниҳодот моҳи декабри соли гузашта ба вазораташ расидааст ва ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад: «Он аз тарафи комиссияи байниидоравии мутахассисон ва экспертҳо омӯхта мешавад. Пас аз он, ки кори ин комиссия ба як марҳалаи муайян мерасад, имкон пайдо мешавад, ки дар бораи ҷузъиёт ва тафосили ин пешниҳодҳо чизе бигӯем.»

Вазорати корҳои хориҷӣ вазорати дифоъи кишварро масъули асосии ин музокирот унвон мекунад ва ҳам ҷониби Русия тафсилоти онро ошкор намекунанд. Аммо бино ба бархе манобеъ, бар иловаи мӯҳлат ва иҷорапулӣ – нуктаҳои асосии баҳси ду ҷониб, ҳамчунин ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар, аз ҷумла таслими таслиҳоти низомӣ ба артиш бо нархҳои қобили қабул ва ҳам тобеияти муайяни пойгоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон низ мавриди баҳс будааст.

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири хориҷии Тоҷикистон
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири хориҷии Тоҷикистон
Музокирот сари пойгоҳи 201, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон ду сол ба ин сӯ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон идома дорад. То ба ҳол аз ҷузъиёти ин музокирот иттилои комил ба даст нарасидааст, ба ҷуз ин ки бино ба манобеъи ғайрирасмӣ, Тоҷикистон мехоҳад аз будубоши он 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷии ин кишвар боре ғайримустақим дар таъйиди ин таъкид карда, гуфт, «замини Тоҷикистон молу падари вазири хориҷиву дифоъ нест, ки ройгон дар ихтиёри касе гузошта шавад.»

Нуктаи дигарро ҳангоми сафараш ба Душанбе раисҷумҳури Русия Дмитрий Медеведев ошкор карда буд, ки ҷонибҳо сари 49 сол сол тамдид кардани ҳузури пойгоҳи русӣ дар Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Раисҷумҳури Русия ҳамчунин изҳор дошта буд, ки ин тавофуқ дар чормоҳаи аввали соли 2012 ниҳоӣ ва созишнома имзо хоҳад шуд. Аммо тавре ба назар мерасад, сарнавишти пойгоҳ на он қадар содда ҳал мешавад, ки раисҷумҳури Русия пешбинӣ мекард.

Ба назари коршиносони рус, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ бо пардохти маблағ иҷораи пойгоҳаш дар Тоҷикистонро қабул надорад, зеро то кунун ҳамчунин созишнома ба ҳамин мӯҳлатро бо Қирғизистон бастааст ва дар ҳоли ризоият бо шарти Душанбе, Қирғизистону Арманистон ва Озарбойҷон низ маблағ тақозо хоҳанд кард.

Андрей Грозин, сарвари шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ
Андрей Грозин, сарвари шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ
Андрей Грозин, сарвари шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ мегӯяд, раисҷумҳури кунунӣ ва ояндаи Русия ба далели нигарониҳои мақомоти Тоҷикистон аслан бозбинии мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-ро нахоҳанд пазируфт, зеро сухан дар бораи манофеи миллии Русия меравад:

«Ҳарчанд аз лиҳози назария имкони вуқӯи ҳар эҳтимол имкон дорад, зеро муҳлати имзои созишнома сари навҳаҳо ва муҳлати будубоши пойгоҳ тақрибан ба моҳҳои марту апрел гузошта шудааст, яъне ин ҳуҷҷатҳоро бояд Дмитрий Медведев имзо кунад ва агар ин кор нашавад, ҷониби Русия ин бархӯрди мақомоти тоҷикро хеле дарднок қабул хоҳад кард. Кашол додани раванд ва ё қатъи музокирот, босалоҳиятии Медведевро таҳти суол қарор медиҳад. Яъне муҳим аст, ки кӣ ин қарордодро имзо мекунад: Медведев ё Путин? Яъне Кремл ин корро содда намедонад. Ин ҷо на фақат муносибатҳои ду кишвар матраҳ аст, балки ин маъалаест, ки ба вазъи дохилии Русия гиреҳ мехӯрад.»

Оқои Грозин афзуд, ҳоло миёни ду кишвар масъалаи мӯҳлат матраҳ нест, балки ҳамоно иҷорапулӣ аст, ки Тоҷикистон, як кишвари фақир ба он эҳтиёҷ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар оғоз Тоҷикистон талаб дошт, ки мӯҳлат дароз набошад ва маблағи муайян пардохта шавад, аммо ахиран аз талаби дуввум даст кашидааст: «Тоҷикистон аз талаби иҷорапулӣ даст кашидааст, зеро Русия аз чанд роҳи таъсир кор гирифт. Аммо ҳоло Тоҷикистон
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ
музокиротро кашол медиҳад, зеро ин ҳам имконият барои савдо аст, лоақал барои кам кардани қимати маводи нафтӣ. Аз тарафи дигар, на фақат ҷомиа, балки дар ҳукумат ҳам аз мӯҳлати мехостаи Русия – 49 сол, ҳатто дар ҳоли пардохти маблағ сахт норозиянд. Ин Тоҷикистонро дар вазъи ногувор қарор медиҳад, зеро аз ин ба баъд наметавонад, на мӯҳлатро баҳс кунад ва на қимати иҷорапулиро.»

Коршиносон мегӯянд, барои коҳиш додани вобастагии пурраи низомӣ аз Русия, Тоҷикистон ҳадди ақал мекӯшад фурудгоҳи низомии Айниро дар ихтиёри худ дошта бошад ва эҳтимолан ягон кишвар ё паймони ҷаҳониро ба он ҷалб кунад.

Аммо Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар мавриди фурудгоҳ Душанбе танҳо бо Маскав музокира дорад, аммо ҳеҷ яке аз тарафҳо музокиротро суръат намебахшанд.
XS
SM
MD
LG