Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ироқ 13 нафар кушта шуданд


Имрӯз дар ду бамгузорӣ дар Ироқ дастикам 13 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо аз Ироқ, имрӯз тундравҳо дар ҷануби шаҳри Бағдод хонаи ду корманди пулисро таркондаанд. Дар ин ҳодиса 10 нафар, аз ҷумла занону кӯдакони аъзои оилаи онҳо кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, ин ҳодиса дар Муссаяб маҳалли аслан шианишини шаҳр рух додааст. Дар ҳодисаи дигари бамгузорӣ дар шаҳри Киркук 3 нафари дигар ба ҳалокат расидаанд ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин бамро ба мототсикл часпонда буданд.
XS
SM
MD
LG