Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ширкати бештари афсарони тоҷик дар қочоқ


Раҳбари Оҷонси Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, тақрибан ҳамаи гурӯҳҳои бузурги қочоқи маводи мухаддир дар кишвар дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ “сарпарастон”-и худро доранд. Генерал Рустам Назаров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло мавҷудияти 15 шабакаи қочоқи маводи мухаддир тасдиқ шуда, ин гурӯҳҳо мавриди пайгард қарор доранд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва чандин афсари баландрутбаи Вазорати умури дохилӣ бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG