Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама нерӯҳои махсуси Амрикоро аҳсан гуфт


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба нерӯҳои махсуси ин кишвар аҳсан гуфтааст, ки имрӯз аз чанголи роҳзанҳои Сомалӣ, ду маъмури имдодӣ аз ҷумла як зани амрикоиро раҳо карданд. Кохи Сафед, баёнияи Барак Обамаро нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, “юриши мазкур паёми дигаре ба ҷаҳон аст, ки Амрико алайҳи ҳаргуна таҳдид ба мардумаш қотеъона истодагарӣ хоҳад кард.” Бино ба гузоришҳо нерӯҳои амрикоӣ бо чархболҳо ба маҳалли роҳзанҳо дар Сомалӣ рафта ва дар ҷанг бо онҳо нӯҳ нафарашонро куштаанд. Гаравгонҳо Ҷессика Бучанан, шаҳрванди Амрико ва Пол Ҳаген Тистед, табаъаи Данияро беосеб аз дасти роҳзанҳо озод шудаанд. Нахуствазирия Дания аз раҳоии ин ду нафар ибрози хушҳолӣ кард.
XS
SM
MD
LG