Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патриотизм, яъне чӣ?


Патриотизм ё меҳандӯстиро сокинони Тоҷикистон, ба вижа ҷавонон ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд.

Агар барои иддае патриотизм хизмат ба ватан бошад, барои бархе дигар он дифои кишвар ба қимати ҷон аст. Гурӯҳе ҳам фаротар аз ин меандешанд ва худро пойбанди марзи хосе намедонанд

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди таҳлилгарон, тарбияти ватандӯстӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тақрибан дар ҳоли суқут қарор гирифтааст, зеро таблиғи ватандӯстӣ ба ҷуз чанд соатаке дар мактаб, дар ҷои дигар вуҷуд надорад. Ва аслан наврасону ҷавонон ҳатто маънии патриотизмро дарк намекунанд.

Назарпурсии «Озодӣ» низ далели он аст, ки теъдоди бузурги ҷавонони имрӯза калимаи патриотизмро ҳатто нашунидаанд ва ё шунида бошанд ҳам маънии онро дарк намекунанд. Вале теъдоде ҳам ҳастанд, ки огаҳанд, аммо ба гумон аст, ки худи онҳо ба маънии тафсиркардаашон cодиқ бошанд. Хонандаи азиз, патриотизм барои шумо чӣ аст?

Патриотизм барои шумо чӣ аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG