Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинӣ дар зиндони Қирғизистон


Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, ки бештар аз 400 нафар зиндониён ба гуруснанишинӣ оғоз кардаанд ва ба нишонаи эътироз даҳонҳои худро дӯхтаанд. Азиза Абдурасулова-раҳбари яке аз созмонҳои ҳуқуқи башари Қирғизистон гуфт:

“Зиндониён ба ман гуфтанд, ки агар мақомот ба онҳо бовар накунанд, ки гуруснанишинӣ мекунанд, лабҳои худро бо ришта ё сим медӯзанд ва онро нишон медиҳанд”.

Мақомот гуфтаанд, ки онҳоро маҷбур бояд хӯронанд. Зиндониён тақозо кардаанд, ки барои онҳо дар зиндон озодии бештар дода шавад. Аммо ин ақидаҳо низ ҳаст, ки ин рафтори зиндониёнро баъзе гурӯҳҳои ҷиноӣ аз беруни зиндон ҳамоҳанг мекунанд. 16 январ дар яке аз зиндонҳо шӯриш рух дод. Зиндониён ба зиндонбонон ҳамла бурданд ва дар дихили зиндон баъзе харобиҳо ба бор омад. Баъд аз як рӯзи ором кардани зиндониёни шӯришӣ онҳо эълон карданд, ки даст ба гуруснагӣ мезананд.
XS
SM
MD
LG