Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "Метро"-и Эронро муттаҳам кард


Вазири нақлиёти Тоҷикистон як ширкати эрониро барои иҷро накардани созишнома муттаҳам намуд.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ширкати эронии "Метро" омӯзишҳои пешакии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани байнулмилалии "Кошғар-Ҳирот"-ро бояд то моҳи декабри соли гузашта ба анҷом мерасонд, аммо ширкат ҳамеша "имрӯзу пагоҳ" мекунад.

Ӯ афзуд, "корро аввал хуб сар карданд. Аммо баъд баҳонаҷӯиҳо зиёд шуд. Азбаски ин маблағи грантӣ аст, мо дар бораи ҷарима кардани ширкат фикр накардаем. Мо метавонем, ки "Метро"-ро бо дигар ширкат иваз кунем, аммо дар бархе маврид аз тағйир додани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосил тағйир намеёбад."

Омӯзишҳои қаблии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани "Кошғар-Ҳирот" аз моҳи апрели соли 2011 бо 1 миллион доллар кӯмаки билоивази Эрон шурӯъ шуда буд. Тибқи иттилои расмӣ, қисмати тоҷикистонӣ 392 километрро ташкил мекунад ва барои ҳар як километри он, ба шумули 16 километр нақб ва 47 пул, тақрибан то 10 миллион доллар сармоя зарур аст.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Мансур Саидӣ, ки худро як миёнарави ширкати "Метро" ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон унвон кард, баръакс ба иҷро нашудани тааҳудот аз ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд.

Ӯ гуфт, номаҳое, ки аз ҷониби "Метро" меоянд, аксаран бепосух мемонанд ва ин ҷониб кӯшиш намекунад, ки ба онҳо фавран посух гӯяд: "Норизоиятиҳо аз ин ҷоҳо шурӯъ шуда буд, ки ҳарфи ҳамдигарро намефаҳмиданд. Масалан, вақте ҷониби "Метро" харита талаб мекард, ин ҷо мегуфтанд, ки харитаҳо маҳрамонаанд. Ин тавр шуд, ки кор ба ақиб афтод."

Фаридаи Ёқубзода, сарвари раёсати равобити байнулмилалии вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, бархе маълумотро ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда наметавонад: "Ба он хотир ки тибқи созишнома ширкати эронӣ бояд ба Душанбе меомад, аммо ҳанӯз наомадааст. Мо ҳатто барои онҳо дар бинои вазорат утоқҳои корӣ ҷудо кардем. Мо ҳама ҳуҷҷатеро, ки онҳо мехоҳанд, дорем, аммо ба шарте медиҳем, ки ин ҷо оянд ва корро сар кунанд."

Дар зимн, ин танҳо созишномае нест, ки миёни Тоҷикистону Эрон ихтилофи назарҳо ва ҳам ба таъхир афтодани тарҳҳоро ба вуҷуд овардааст. Дар гузашта тӯл кашидани нақби "Истиқлол" ҳам мӯҷиб ё сабаби ҳамчунин баҳсҳо миёни ду кишвар шуда буд.

Вале Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бо тағйир хӯрдани сарвари ширкати "Собир", иҷрокунандаи тарҳ дар Эрон ва ҳам пудратчии он дар нақби "Истиқлол", кори ин ширкат беҳбуд ёфта, дар ҳоли ҳозир аз панҷ се километри нақб таъмир шудааст. Вай гуфт, ҳамчунин муносибатро ӯ дар иҷроиши омӯзишҳои пешакии қисмати тоҷикистонии тарҳи роҳи оҳани "Кошғар-Ҳирот" низ интизор аст.

Ин роҳи оҳани байнулмилалӣ ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл дошта, бояд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро васл кунад, ки аз нигоҳи коршиносон, аҳамияти фавқулоддаи геополитикӣ дорад. Ба қавли онҳо, ин масири алтернативӣ ба роҳи оҳани Душанбе-Маскав хоҳад буд ва вобастагии Тоҷикистонро аз кишварҳои самти шимол, аз ҷумла Русияву Узбакистон бамаротиб хоҳад кост.
XS
SM
MD
LG