Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо ба адолати додгоҳӣ бовар доред?


Имрӯз кам касеро мешавад пайдо кард, ки ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар дошта бошад.

Гувоҳи он муроҷиат ва номаҳои сершумори шаҳрвандон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалӣ ва нашрияҳои кишвар барои додхоҳӣ аст.

Ин аст, ки бештари ҳамсӯҳбатони наворбардори “Озодӣ” ҳам норозигияшон аз ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро баён доштаанд. Ба қавли аксари онҳо, додгоҳҳо на ҳамеша пуштибонӣ аз ҳақиқат ва адолат мекунанд.

Нафаре аз ин назардиҳандагон аз ҷумла гуфт, ки “шахсан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон бовар надорам. Чунки судяҳои имрӯза қонун не, балки вазифадоронро тарафдорӣ мекунад. Бинобар ин, адолати судӣ дар Тоҷикистон нест.”

Вале дар ин қатор онҳое ҳам буданд, ки мегӯянд ба низоми додгоҳӣ, аз ҷумла ба адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар доранд. Мақомоти тоҷик ҳам борҳо гуфтаанд, ки адолати додгоҳӣ дар кишвар барқарор аст. Ба гуфтаи онҳо, имрӯз додгоҳҳо мунсифона амал мекунанд ва қонунгузорӣ ҳам манфиати мардумро дар навбати аввал ба назари эътибор гирифтааст.

Вожаи адолат, ки аз решаи адл гирифта шудааст, аввалан ба ҳукуматҳо ва раҳбарони он иртибот мегирад, ки то чӣ ҳад адлу инсоф доранд ва то куҷо эҳтиёҷоти мардумро барои таъмини ҳуқуқҳояшон ва як зиндагии шоиста бароварда мекунанд. Аммо имрӯзҳо ин мафҳумро бештар ба низоми додгоҳӣ пайванд медиҳанд.

Ин навори видеоро бубинед ва ҳатман назару пешниҳодҳои худро бо мо дар миён бигузоред, ки Шумо ба адолати додгоҳӣ ё судӣ дар Тоҷикистон то куыо бовар доред.

Ба адолати додгоҳӣ бовар доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG