Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз таҳримҳои нави Аврупо зидди Эрон


Иёлоти Муттаҳида аз таҳримҳои нави иқтисодии Иттиҳоди Аврупо зидди Эрон истиқбол кард ва онҳоро як қадами дигари ҷиддӣ дар роҳи фишор ба Теҳрон номид. Вашингтон гуфтааст, ҳадаф аз тарҳимҳо қатъи талошҳои Эрон ба бунёди силоҳи ҳастаист. Таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо зидди Бонки марказии Эрон ва импорти нафти ин кишвар равона шуда, қарор аст, корбурди онҳо аз аввали моҳи июл шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG