Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Шумо: Ҷавонони тоҷик то куҷо саводноканд?


Аксарият ҷавонони тоҷикро ба камсаводӣ ё бедонишӣ муттаҳам мекунанд. Чизе, ки ҷавонон ба он розӣ нестанд.

Ба ин хотир наворбардори "Озодӣ" ҳам ба кӯчаҳои Душанбе баромад, то аз мардум пурсад, ки воқеан онҳо дар бораи сатҳи савод ва дониши ҷавонони тоҷик чӣ мегӯянд.

Албатта, дар ин маврид назарҳо мухталиф буданд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки ҷавонони тоҷик дар илмомӯзӣ танбал шудаанд. Иддае дигар бо муқоиса ба даврони Шӯравӣ ба сатҳи саводнокии ҷавонон баҳои манфӣ доданд.

Нафаре ҳам гуфт, “агар гӯям, сатҳи дониши ҳамаи ҷавонон паст аст, хафа мешаванд. Агар гӯям, сатҳи дониши онҳо болост, дурӯғгӯ мешавам.” Аммо касоне ҳам буданд, ки баръакс аз огоҳии ҷавонони тоҷик аз илмҳои муосир истиқбол намуданд.

Ин навори видеоро бубинед ва назари худро ҳам бинависед. Агар худи Шумо ҷавонед ё донишҷӯед, пас, дар мавриди ин нуқтаи назари мардум чӣ посухе доред. Воқеан, имрӯз чаро сатҳи донишу саводнокии ҷавонони тоҷик ба қавле мавриди шубҳа қарор гирифтааст?

Дониши ҷавонони имрӯзаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG