Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон истеъфои Чуровро талаб карданд


Ширкатдорони гирдиҳамоии “Барои интихоботи одилона ва зиндагии муносиб” дар шаҳри Маскав қатънома бо талаби истеъфои раиси Комиссиюни марказии интихоботи Русия Владимир Чуровро пазируфтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин санад гуфта шудааст, ки дар интихоботи ахири парлумонӣ тақаллуб ба нафъи ҳизби ҳокими “Русия воҳид” сурат гирифтааст.

Ба ҳамоиши Ҳизби коммунист ҷонибдорони ҳизби либерал-демократӣ ва ҷунбиши “Ҷабҳаи чап” ҳамроҳ шуданд. Ба иттилои полис, дар майдони Манеж тақрибан якуним ҳазор нафар ҷамъ омаданд ва аммо созмондиҳандагон теъдоди эътирозгаронро шаш ҳазор нафар ҳисоб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Владимир Маркин, дар робита ба тақаллуби асноди интихоботӣ ва натиҷаҳои овоздиҳӣ 26 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзуд, ки ба Кумитаи тафтишот беш аз 350 аризаи шаҳрвандон ворид шудааст, ки муаллифонашон асосан аз андохтани баргаҳои изофии раъйдиҳӣ ба қуттиҳо, хариду фурӯши раъйҳо ва маҷбурсозӣ барои овоздиҳӣ шикоят кардаанд. То имрӯз, ба гуфтаи Маркин, 158 ариза баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG