Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишвари озод ё ноозод? Гузориши Хонаи Озодӣ


Хонаи Озодӣ бори дигар Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои ноозод ҷой додааст.

Ахиран ин созмон гузориши солонаи худро дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон мунташир карда ва Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Ӯзбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» унвон кардааст.

«Хонаи Озодӣ» баргузории интихобот, имконоти гуногунандешӣ ва озодии матбуот дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст. Бино ба гузориши мазкур, дар Тоҷикистон ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании шаҳрвандон таъмин нест.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин гуна хулосагириро сатҳӣ ва
Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи умури байнлмилалии МН Тоҷикистон
Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи умури байнлмилалии МН Тоҷикистон
ноодилона медонанд ва мегӯянд, ки ин созмонҳо вазъи озодиҳо дар Тоҷикистонро бо шохисҳои озодӣ дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ муқоиса мекунад, ки иштибоҳ аст. Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи умури байналмилалии МН Тоҷикистон чунин баҳогузориро одилона намедонад ва мегӯяд, ба ҳар сурат дар Тоҷикистон озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ мавҷуд аст ва баҳогузории созмони мазкур бештар ғайривоқест.

Оқои Салимзода мегӯяд: «Мо ба ин хулоса розӣ шуда наметавонем, ки Тоҷикистон кишвари ноозод аст. Агар озодиҳои шаҳрвандонро дар назар дошта бошем, тибқи сарқонун ин ҳуқуқу озодиҳо ба ҳамаи шаҳрвандон дода шудааст. Агар озодии баён ва матбуотро дар назар бигирем, бо дили пур гуфта метавонем, дар Тоҷикистон назар ба ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Миёна ин озодӣ ба дараҷаест, ки аз сарвари давлат то зинаҳои поёнии мақомот ҳама онро муроот мекунанд. Бинобар ин хулосабарори ин ниҳод дар бораи он, ки дар Тоҷикистон озодӣ нест, билкул хатост.»

Аммо бархе дигар аз таҳлилгарон ва фаъолони сиёсӣ гузориши Хонаи озодиро баёнгари воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон медонанд ва мегӯяд, дар аксари маворид ҳатто ҳақиқатҳо аз назари ин гузориш пинҳон мондаанд.

Раҳматулло Валиев, аз фаъолони сиёсӣ ва устоди донишгоҳи Тоҷикистон
Раҳматулло Валиев, аз фаъолони сиёсӣ ва устоди донишгоҳи Тоҷикистон
Раҳматулло Валиев, аз фаъолони сиёсӣ ва устоди донишгоҳи Тоҷикистон мегӯд, ки гузориши Хонаи Озодӣ дар заминаи воқеъиятҳои имрӯзи Тоҷикистон таҳия шуда ва як ҳақиқати маҳз аст: «Нашрияҳои мустақил масалан он чиро мехоҳанд, навишта наметавонанд. Расонаҳои давлатӣ бошанд фақат сиёсати якҷонибаи давлатро таблиғ мекунанд. Судҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва қарори мустақилона бароварда наметавонанд. Ҳамаи ин масъалаи ҳуқуқи инсон аст, ки поймол мешавад. Барои ҳамин намешавад гуфт, ки ин гузориш ҳақиқат нест. Ин гузориш воқеъият аст.»

Вазъи озодии матбуот як шохиси аслии баҳогузорӣ дар ин гузориш аст. Ва бархе аз коршиносони расонаӣ мегӯянд, ки он чӣ ин созмон дар мавриди вазъи матбуот дар Тоҷикистон гуфтааст, ба ҳақиқат ҳамхонӣ дорад. Ба бовари таҳлилгарон, фишорҳое, ки аз тариқи мухталиф болои расонаҳо ворид мешавад, матбуотро ба муҳофизакорӣ водор кардааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс»
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс»
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс» мегӯяд: «Дар маҷмӯъ ман фикр мекунам, ки ин баҳои одилона аст. Аммо матбуоти тоҷики вақтҳои охирро то ҷое ва қисман метавон озод унвон кард. Аммо мушкил дар ин аст, ки бозори таблиғоти тиҷоратӣ ё реклама, ки пуштивонаи аслии матбуот бошад, дар Тоҷикистон заъиф аст. Аз лиҳози озодиҳои маданӣ ҳам аз Қирғизистон ақиб уфтодаем.»

Тоҷикистон дар ин феҳраст аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду ва аз лиҳози сиёсӣ як радда аз Туркманистон ва Узбакистон ва инчунин Белорус болотар баҳогузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG