Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се таҳрирӣ. Ин бор дар ноҳияи Ҷомӣ


Дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, се сокини маҳаллӣ ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизбуттаҳрир» боздошт шудаанд.

Самад Сайфов, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷомӣ, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, бародарон Холмаҳмад ва Маҳмадраҷаб Саидовҳо, ки яке 28 ва дигарӣ 24 сол доранд, дар бозори марказии ноҳия ба тиҷорат машғул буда, ҳамзамон китобҳои мамнӯъ ва варақаҳои таблиғотии марбут ба «Ҳизбуттаҳрир»-ро миёни аҳолӣ паҳн мекардаанд.

Ҳамзамон Қурбоналӣ Ашӯрови 30-сола, сокини дигари ноҳияи Ҷомӣ низ бо гумони ҳамдастӣ дар умури таблиғотии созмони мазкур боздошт шудааст. Ба иддаои муфаттишон, ин се тан узви занҷираи таблиғгарони ғояҳои «Ҳизбуттаҳрир» буда, ҳадафи барҳамзании сохти дунявии давлат ва дар ивази он бунёди хилофати исломӣ дар Тоҷикистонро думбол мекардаанд.

Аз афроди боздоштшуда нусхаҳои зиёди китобҳои мамнӯъ, аз қабили «Асосҳои назарияи ислом», «Асосҳои низоми ислом», «Корҳои даъватбарӣ», «Низоми иқтисодӣ дар ислом», «Субҳи хилофат», 5 адад варақа ва 9 фитаю диски таблиғотии «Ҳизбуттаҳрир» кашфу мусодира гардидааст.

Алайҳи Ашӯров ва бародарон Саидовҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, феълан онҳо дар боздоштгоҳи муваққати РКД-и вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, нигаҳдорӣ мешаванд.

Холмаҳмад Саидов, ки ғолибан аз пешвоҳои «Ҳизбуттаҳрир» дар ноҳияи Ҷомӣ будааст, дар гузашта низ ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии сарҳадбонии воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, даст ба куштори сарбозе зада, равонаи зиндон гардидааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, дар пайи боздошти ин се сокини ноҳияи Ҷомӣ ҳамчунин 5 ҳампаймони онҳоро, ки низ аз фаъолиятҳои «Ҳизбуттаҳрир» пуштибонӣ мекардаанд, дастгир намудаанд. Даврон Икромов, Ғаффор Нуралиев, Иззатулло Маҳмадиев, Маҳмуд Эшмирзоев ва Тоҳир Низомов, ки ҳамагӣ сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода будаанд, дар шаҳри Душанбе, ба ҳангоми корҳои таблиғотӣ дар масоҷид ва бозорҳо дастгир шудаанд.

Ҳоло таҳқиқи парвандаи ин 8 нафар, ки дар пайравӣ аз «Ҳизбуттаҳрир» муттаҳам дониста мешаванд, идома дорад. Муфаттишон мегӯянд, ки аксари афроди муттаҳам зимни бозпурсиҳо худро комилан бегуноҳ хонда, фаъолиятҳои таблиғотиашонро мухолифи қонунҳои ислому мазҳаби ҳанафӣ ва қонунгузории Тоҷикистон намешуморанд.

Дар соли ҷорӣ ин аввалин хабар аз боздошти афроди муттаҳам дар узвияти созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва расман мамнӯъшуда, аз ҷумла «Ҳизбуттаҳрир» дар қаламрави вилояти Хатлон мебошад.
XS
SM
MD
LG