Пайвандҳои дастрасӣ

“Wikipedia” ба нишони эътироз имрӯз баста аст


Қомуси интернетии “Wikipedia” ба нишони эътироз ба қонунҳое, ки дар Конгресси Амрико таҳти баррасӣ қарор дошта, ба гуфтаи мунтақидон, роҳро барои сонсур боз хоҳад кард, торнамои англисиашро масдуд кард. “Wikipedia” гуфт, сомонаи англисиаш, ки ҳар рӯз садҳо миллион нафар аз он истифода мебурд, тамоми рӯзи чоршанбе кор нахоҳад кард. Вале “Google” ва сомонаҳои дигар танҳо ба таваҷҷӯҳи бештар ба ин ду тарҳи қонун даъват кардаанд. Тарҳи мавсум ба “Манъи дуздии моликият дар Интернет” дар Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико ва тарҳи”Дифоъ аз моликияти зеҳнӣ” дар Сенат баррасӣ мешавад. Тарафдорон, аз ҷумла ширкатҳои филму мусиқӣ мегӯянд, аз тавзеъи маҳсулоти ғайриқонунӣ миллионҳо доллар зиён мебинанд. Аммо ба бовари мунтақидон, ин қонунҳо дасти мақомот барои бастани сомонаҳо бо баҳонаи дуздии моликиятро боз карда, монеъи озодии баён ва рушди Интернет хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG